Тибқи нақшаи тасдиқгардида масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим” бо шаҳрвандоне, ки сафар ба шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия доштанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ-иттилоотӣ гузаронида шуд.
Масъулин зимни мулоқот вобаста ба риояи талаботи бехатари дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии конунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботи санитариву гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар миёни ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима карда шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба гаравиши ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористиву экстремистӣ, нашъаҷаллобӣ иттилоъ дода шуда, даъват гардид, ки аз ҳар гуна гурӯҳҳои мухолифатангез дури ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои оилаи худро эмин нигоҳ доранд.
Барои васеъ намудани сатҳи забономӯзӣ ва донишомӯзӣ ва сайқал додани касби худ, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ шудан дар шаҳри Хуҷанд якчанд муассисаҳои ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ фаъолияти корӣ доранд, муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми суҳбат ба шаҳрвандон доир ба мавзуъ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
