Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ ҳафтаи сипаригардида дар деҳаи Дарғ ва Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч, бо фаъолони деҳа, кумитаҳои маҳал, оилаҳои аз офати табии зарадида ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта мулоқоти судманд гузаронида шуд.
Дар вохӯри сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждани дар ноҳияи Айни ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия иштирок ва суханрони намуданд.
Баромадкунандагон зимни баромади худ доир ба муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак”,“Дар бораи тарбияи ватандусти шаҳрвандон” ва “ Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (моддаи 382 – “Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гарми”), сухан ронда, таъқид намуданд, ки масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқадасоти давлатӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон дорои аввалиндараҷа мебошанд. Сипас, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Ғайбуллоев Б., қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза дар ҳамагуна давлатҳо таҳдиди терроризм ва экстремизм вуҷуд дорад ва пешгири аз ҳамин гуна вабои аср давлатҳои ҷаҳонро водор сохтааст, ки созмонҳову ташкилотҳои гуногунро таъсис диҳанд.
Дар суханҳои худ доимо Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд менамоянд, ки террорист Ватан, модар, дин, забон надорад ва мақсаду ҳадафи онҳо халалдор намудани ҷомеа ва несту нобуд намудани ахолии осоишта, мансабдорони давлатӣ ва ғайраҳо мебошад.
Инчунин, мавриди зикр аст, ки онҳо бо роҳи фиреб, ваъдаи маблағи барзиёд ва таъмин бо ҷойи кори сердаромад ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва табақаи аҳолие, ки сатҳи дониш, тафаккур ва ҷаҳонбинии суст доранд ҷалб намуда ҳамагуна ҷиноятҳои вазнинро анҷом медиҳанд.
Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар табақаи ҷомеаи аҳолӣ бояд аз вожаҳои терроризм, экстремизм ё террорист кист? Кадом гурӯҳҳои ифротӣ мавҷуданд маълумот дошта бошанд. Ҳангоми муҳоҷират дар хориҷа ба ҳар гуна шахсони алоҳидаи ношинос ва шубҳанок, ки маблағи зиёдро ваъда дода, бо ҳар роҳ дили онҳоро гарм намуда ба гурӯҳҳо ҳамроҳ менамоянд, бовар накарда, аз онҳо дӯрӣ ҷуянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз тарафи шахсони ба онҳо ношинос паёмакҳои шубҳанок ворид мешаванд ҷавоб надиҳанд.
Дар сурати гирифтор шудан ба ҳар гуна мушкили ба ҳамагон тавсия дода шуд, ки ба сохторҳои дахлдор муроҷиат намоянд ва ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд тавсия дода шуд, ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба чунин ҳолатҳои номатлуб ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Федератсияи Россия, Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

