Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» вохӯрии судманд бо ноиби президенти Ассотсиатсияи аутсорсинги Россия Пётр Леонидович Клеванный ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Исфандиёр Хайридинзода баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самти муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар ширкатҳои истеҳсолии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои истеҳсолии Федератсияи Россия метавонад барои таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои кори муносиб ва баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Қобили зикр аст, ки Ассотсиатсияи аутсорсинги Россия ширкатҳоеро муттаҳид менамояд, ки дар самти таъмини корхонаҳои истеҳсолӣ бо кормандони дорои тахассуси зарурӣ фаъолият мекунанд.
Чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии муташаккилона аҳаммияти муҳим доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
