Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта дар роҳи рушди устувори давлат пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум монеаҳои зиёд ба вуҷуд меорад. Ин падидаи номатлуб ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт маориф тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонида эътимоди шаҳрвандонро ба сохторҳои давлатӣ коҳиш медиҳад. Мубориза бар зидди коррупсия яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир буда барои ҳалли он иштироки фаъолонаи давлат ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа зарур мебошад.
Коррупсия дар маънои умумӣ истифодаи нодурусти ваколатҳои хизматӣ ва мансабӣ бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад. Он метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир гардад. Аз ҷумла, пора гирифтан ё додан истифодаи мақоми хизматӣ ба манфиати шахсӣ суиистифода аз ваколатҳо истифодаи ғайриқонунии маблағҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имтиёзҳои беасос ба шахсони алоҳида аз ҷумлаи зуҳуроти коррупсионӣ ба шумор мераванд. Ҳар яке аз ин амалҳо ба қонун ва принсипҳои адолати иҷтимоӣ мухолиф буда ба рушди солими ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Зеро коррупсия танҳо як қонуншиканӣ ё амали ғайриахлоқии шахсони алоҳида нест. Он метавонад ба як мушкили фарогири иҷтимоӣ табдил ёфта ба муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсир расонад. Вақте ки шахс барои гирифтани хизматрасонии одӣ маҷбур мешавад маблағи ғайриқонунӣ пардохт намояд ё барои ҳалли масъалаи худ аз роҳҳои ғайриқонунӣ истифода барад принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонун халалдор мегардад. Дар чунин шароит ҳуқуқу манфиатҳои шахсони масъулиятшинос ва қонунмеҳвар поймол шуда имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон маҳдуд мегарданд.
Яке аз оқибатҳои манфии коррупсия таъсири он ба иқтисодиёти давлат мебошад. Маблағҳое ки бояд барои сохтмони роҳҳо таъмири муассисаҳои таълимӣ бунёди беморхонаҳо беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ истифода шаванд дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ метавонанд ба манфиатҳои шахсӣ равона гарданд. Ин ҳолат самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетиро коҳиш дода ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар муҳите ки шаффофият ва риояи қонун таъмин нест соҳибкорон бо мушкилоти иловагӣ рӯ ба рӯ шуда метавонанд ва рақобати солим дар бозор халалдор мегардад. Аз ин рӯ пешгирии коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ балки шарти муҳими рушди иқтисодии давлат низ мебошад.
Сатторова Садоқат,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен

