Раёсати Хадамоти мухочират дар вилояти Суғд бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо шаҳрвандоне, ки ба самти Федератсияи Россия сафар менамоянд, доир ба мавзуи муҳоҷирати бехатар, мубориза бо коррупсия ва пешгирии экстремизм ва терроризм, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила баррасӣ гардида зикр намуданд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар, таъкид намуданд, ки ҳангоми сафар ба давлатҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ба қонуну қоидаҳои давлати қабулкунанда риоя намоянд ва вобаста ба талаботҳои қонунгузории давлати қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

