• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон

Migration Service by Migration Service
03.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон дар шаҳраки Консой бо сокинон вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, раиси КИ ҲХДТ, мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, бахши Хадамоти муҳоҷират, бахши кор бо занон ва оила  ва раиси ҷамоати шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, таълимоти ғайриқонунии динӣ, тақлид ба фарҳангу либоси бегона, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, инчунин риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки имрӯз ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд, ҳушёрии сиёсӣ ва эҳсоси ватандӯстиро талаб менамояд. Қайд карда шуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ кӯшиш мекунанд ҷавононро ба доми фиреб кашанд. Аз ин рӯ, ҳар як сокин, бахусус ҷавонон, бояд аз чунин зуҳуроти хатарнок дурӣ ҷуста, танҳо ба иттилооти боэътимод такя намоянд.

Ҳамзамон, оид ба хатари таълимоти ғайриқонунии динӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии иштирок дар чунин фаъолиятҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги волои тоҷикона тарбия намоянд.

Дар идомаи мулоқот масъалаи пешгирии тақлид ба фарҳангу либоси бегона мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, расму ойинҳои неки аҷдодӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо сухан рафта, иштирокчиён ба риояи ҳатмии қонунҳо, эҳтиром ба тартиботи ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини фазои орому осудаи ҷомеа ҳидоят карда шуданд.

Дар қисмати дигари мулоқот мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарҳ дода шуда, таъкид гардид, ки риояи талаботи қонуни мазкур ба пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии оилаҳо мусоидат менамояд.

Дар анҷоми мулоқот сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешгирии падидаҳои номатлуб, риояи қонунгузории амалкунанда ва ҳифзу таҳкими сулҳу суботи ҷомеа изҳор намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” идома дорад

Next Post

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.