Тоҷикистони соҳибистиқлол бо таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ, забони ноби тоҷикӣ ва миллати тамаддунофари худ дар арсаи ҷаҳон мақому манзалати хос дорад. Дар масири таърихии давлатдории навини тоҷикон саҳифаҳои зиёде ҳастанд, ки бо талошу заҳмат, иродаи қавӣ ва садоқати фарзандони фарзонаи миллат пайванд доранд. Яке аз чунин саҳифаҳои муҳим давраи эҳёи давлатдории миллӣ, барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ мебошад, ки бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад.
Тазаккур бояд дод, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари Тоҷикистони азиз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана дар тақвими идҳои давлатӣ ҷойгоҳи хос дошта, моро ба андешидани нақши роҳбарияти давлат дар таҳкими пояҳои истиқлол, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа водор месозад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба рӯйдодҳои муҳими таърихи навини давлатдории тоҷикон, масъулияти роҳбарӣ ва аҳаммияти хизмат ба халқу Ватан иртибот дорад.
Маврид ба зикр аст, ки сабаби асосии маҳбубияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумӣ будани афкору мулоҳиза ва мардумӣ будани дунёи ботинии ӯст. Ӯ фарзанди ин сарзамин аст ва хизматҳояшон ба ин сарзамин фарзандвор, холисонаву содиқона ва дар заминаи муҳаббат ва ормонҳои миллист.
Бо ифтихори бузург бояд гуфт, ки ҳанӯз аз рӯзи нахустини Раҳбари давлат интихоб гардидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай Пешвои миллати тоҷик буданд ва мардуми Тоҷикистон ба он кас эътимод ва боварӣ дошт. Рисолати таърихии ин шахсияти бузурги олами сиёсат дар раванди кору пайкорашон ва хизматҳои шоёну беназирашон дар ин марҳалаи сарнавиштсози таърихи миллат ва давлати тоҷикон ба ин мақоми олӣ интихоб намудааст. Бебаҳс аст, ки Пешвои миллат будани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ воқеияти бузурги таърихӣ ва талаби замони муосир аст.
Хотиррасон менамоям, ки расидан ба ин мақоми олӣ барои Сарвари давлат осону ҳамвор набуд, аммо фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватани хеш боис шуд, ки ин шахсияти нексиришту накукор ин мақоми баландро аз ҷониби миллати тоҷик бо пуштибонии ҳамаҷониба мушарраф гардиданд.
Таъкид менамоям, ки муҳаббати самимӣ ба халқу Ватани худ яке аз сарчашмаҳои асосии дастовардҳои азими Роҳбари давлат дар арсаи сиёсату давлатдорӣ мебошанд, зеро зимни савгандёдкунӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор дошта буданд: “Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард”.
Бузургтарин хидмати Ҷаноби Олӣ, пеш аз ҳама, дар он таҷассум мегардад, ки сарфи назар аз авзои мураккабу печида ва пурмоҷаро тавонистанд давлатдории тоҷиконро аз нобудӣ наҷот бахшанд ва миллатро, ки ҳазорсолаҳо дар орзуву ормони соҳиб шудан ба давлати озоду мустақили худ буд, ба мурод расонанд.
Ин Иҷлосия акнун барои ҳар як сокини Тоҷикистон то абад ҳамчун рӯйдоди таърихии сарнавиштсоз боқӣ хоҳад монд. Зеро он барои ҳар фарди миллати тоҷик ҳам сулҳ оварду ҳам амнияту ҳам хонаи ободу осуда.
Дар он замоне, ки ҳама аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат ноумед гардида буданд, маҳз доир гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ҷавонмарди қавиирода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд ва шуълаи умедро дар дили ҳар як шаҳрванд фурӯзон карданд. Талоши шабонарӯзии ин марди миллат боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи дунё машҳур аст.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллат на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расонданд, балки дар суботи минтақа низ саҳми бузург доранд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан ҳамасола таҷлил менамоянд.
Яке аз паҳлуҳои муҳимми таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлат ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Ин ҷашн насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки таърихи давлатдории навини Тоҷикистонро омӯзанд, арзиши истиқлолиятро дарк намоянд ва барои ояндаи Ватани худ масъулият эҳсос кунанд.
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд аз имкониятҳои фароҳамомада самаранок истифода бурда, бо омӯзиши илм, азхуд намудани касбу ҳунар ва риояи меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ дар пешрафти мамлакат саҳм гузоранд. Маҳз насли донишманд, соҳибмаърифат ва ватандӯст метавонад арзишҳои давлатдориро ҳифз намуда, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам оварад.
Таҷлили ин сана ҳамчунин имконият медиҳад, ки дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои ҷомеа вобаста ба таърихи давлатдорӣ, мақоми Президент тибқи Конститутсия ва аҳаммияти истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои маърифатӣ баргузор карда шаванд.
Муҳим он аст, ки эҳтиром ба давлат ва арзишҳои миллӣ на танҳо дар сухан, балки дар амал, меҳнати софдилона, муносибати масъулона ба вазифаҳои хизматӣ, риояи қонун ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан таҷассум ёбад.
Дар ин маврид, шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои роҳбари давлати тоҷик ибрози ақида намудаанд. Аз ҷумла, Президенти Федератсия Россия Владимир Путин чунин ибрози андеша намудааст: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидои асри ХХI ва ҳазорсолаи сеюм барои тоҷикон шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ кушода истодааст.
Хулоса, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятии кишвар буда, моро ба эҳтиром ва арҷгузорӣ ба давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ ва таҳкими ҳисси масъулият дар назди Ватан ҳидоят менамояд. Ин рӯз барои бознигарии роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, қадршиносии дастовардҳои давлатдорӣ ва муайян намудани масъулиятҳои минбаъдаи шаҳрвандӣ аҳаммияти хос дорад.
Олимзода Орифҷон Олим,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

