Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризм, экстремизм, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва зӯроварӣ дар оила, дар Ҷамоати деҳоти Хурмӣ шаҳри Панҷакент корҳои иттилоотию маърифатӣ гузаронида шуд. Дар доираи нақшаи мазкур бо иштироки кормандони шуъба ва намояндагони сохторҳои дахлдор вохӯрии иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, инчунин пешгирии зӯроварӣ дар оила, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстиву қонунмеҳварӣ буд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён оид ба хатару оқибатҳои терроризм ва экстремизм, роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро ва таъсири манфии чунин зуҳурот ба амнияти давлату ҷомеа маълумоти муфассал гирифтанд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёру зирак буда, ба маълумоту даъватҳои шубҳанок ва ақидаҳои ифротӣ дода нашавад. Ҳамчунин, зарурати ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ махсусан таъкид карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ низ фаҳмонида шуд. Ба иштирокчиён дар бораи таъсири харобиовари маводи нашъаовар ба саломатии инсон, оқибатҳои ногувори иҷтимоии он ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот пешниҳод гардид.
Зикр карда шуд, ки нашъамандӣ метавонад боиси вайрон гардидани муносибатҳои оилавӣ, аз байн рафтани арзишҳои инсонӣ ва содир шудани дигар ҳуқуқвайронкуниҳо гардад. Аз ин рӯ, пешгирии ин зуҳурот ва тарғиби тарзи ҳаёти солим масъулияти муштараки ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Таъкид гардид, ки оила ҳамчун ниҳоди муҳимми ҷомеа бояд бар пояи эҳтироми якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббат ва масъулияти тарафайн бунёд ёбад. Ҳеҷ гуна шакли зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва иқтисодӣ қобили қабул набуда, ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар муҳити бехатару ороми оилавӣ зиндагӣ намояд. Ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки дар ҳолатҳои рӯ ба рӯ шудан бо зӯроварӣ бояд аз мақомоти дахлдор ва сохторҳои масъул ёрии ҳуқуқӣ ва дастгирӣ дархост намоянд. Инчунин, нақши падару модар дар тарбияи фарзандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити солими оилавию иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар рафти вохӯрӣ доир ба зарурати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дурӣ ҷустан аз амалҳои номатлуб андешаҳои муфид баён карда шуданд. Иштирокчиён инчунин имконият пайдо намуданд, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишуда саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ гиранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки пешгирии терроризм, экстремизм, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва зӯроварӣ дар оила танҳо бо иштироки фаъолонаи мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд самараи назаррас ба бор меорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

