• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Президент — ин роҳнамои ҳақиқии миллат аст

Migration Service by Migration Service
11.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Президент — ин роҳнамои ҳақиқии миллат аст
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Пешвои миллат, дар давоми ҳаёти пурбаракати худ тавонистанд на танҳо давлати миллии тоҷиконро идора ва обод кунанд, балки фарзандони меҳнатдусту ватанпарвар, фарҳангёру илмпарастро тарбия намоянд, ки онҳо имрӯз дар  муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ баҳри рушди Тоҷикистон кору фаъолият мебаранд.

Рӯзи Президент ҷашни пурифтихори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки на танҳо рушди ҷаҳонбинию анъанаҳои мардумро афзун менамояд, балки  хизматҳои бесобиқаи Президенти муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро дар масири давлатдории миллӣ ва баровардани  кишвар аз буҳрони сахти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ тақвият мебахшад. Имрӯз, ки мову шумо дар арафаи ҷашни Рӯзи Президент қарор дорем, ин тақозои тақвияти ихлосмандӣ, муҳаббати бепоён ва ифтихору саодатмандии мардуми кишварро нисбат ба Президенти муҳтарами кишвар баён менамояд.

Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт.

Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр рамзҳо ва арзишҳои худро дорад, ки бо онҳо ифтихор мекунад. Барои мо, халқи Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари давлат, балки рамзи сулҳ, ваҳдат ва ояндаи дурахшони ватан мебошанд. Таърихи нави давлатдории мо нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте ба сари қудрат омаданд, ки кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Ӯ ҳамчун як ҷавонмарди ҷасур ва ватандӯст масъулияти вазнинро ба дӯш гирифта, қасам ёд карданд: “Ман ба шумо сулҳ меорам ва то даме ки як гуреза дар хориҷ аз ватан аст, ором нахоҳам шуд”. Ин ваъда бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳо иҷро шуд ва соли 1997 Созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки Тоҷикистонро аз нестшавӣ наҷот дод.

Имрӯз, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби мо, Тоҷикистон ба як кишвари ободу зебо ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Мо шоҳиди сохтмони иншооти бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун, нақбҳову роҳҳои сатҳи байналмилалӣ ҳастем, ки кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо карданд. Маориф, фарҳанг ва варзиш зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат қарор доранд ва барои мо — ҷавонон тамоми шароитҳо барои таҳсилу пешрафт муҳайё шудаанд.

Ғайр аз ин, маҳз бо шарофати сиёсати “дарҳои кушода” ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, кишвари моро имрӯз тамоми дунё мешиносад ва эҳтиром мекунад. Тоҷикистон аз минбарҳои баландтарин, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид бо овози расо ҳарф мезанад.

Президент — ин роҳнамои ҳақиқии миллат аст, ки умри худро ба ободии ин ватан ва хушбахтии халқ бахшидааст. Мо, насли ҷавон, вазифадор ҳастем, ки ин сулҳу ваҳдатро чун гавҳари чашм ҳифз кунем, илму ҳунар омӯзем ва дар паҳлуи Пешвои худ барои ояндаи боз ҳам ободтари Тоҷикистон саҳм гузорем.

Маҳмадзода Суман,

Мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Раёсти Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд”

Next Post

Вохӯрӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Вохӯрӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Вохӯрӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.