Вобаста ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, ки бахши Хадамоти муҳоҷират дар он шомил аст, дар Ҷамоати деҳоти Чоргултепаи ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии судманд бо сокинон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Назруллозода Муҳаммадраҳим ва директори рушди ҳунармандӣ дар ноҳия Гурезов Фирӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарғиботӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо тақлид ба фарҳанги ба мо бегона, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки танҳо бо якдилӣ, ҳамкорӣ ва риояи қонунгузории амалкунанда метавон ба ҷомеаи солиму пешрафта ноил шуд. Таъкиди муҳими дигар ба масъулияти ҷавонон дар таъмини амният ва суботи дохилӣ равона шуда, аз аҳли ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар саҳмгузор бошанд.
Ҳар яки ки мо бояд дар таълиму тарбияи фарзандон саҳми беназири худро гузорем, чун фарзанди нек ояндаи некро барои худ месозад. Бояд гуфт ки имруз занони мо ба либоси бегона бисёр таваҷҷуҳ равона кардаанд, ин тақлидкорӣ хоси мардуми тоҷик нест. Мардуми тоҷик фарҳанги ғание дорад. Зарур аст ки бештар ба либоси миллӣ ру оварему барои фарзандони худ низ ин равандро омӯзонем. Дар баргузории маъракаҳо низ бояд меъёрро риоя намоем, чун ин ба фоидаи буҷети оилаи мо мебошад .
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Назруллозода Муҳаммадраҳим вобаста ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

