Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи давлатдории навини тоҷикон, таҳкими соҳибистиқлолӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, рушди илму маориф ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бақодории миллат саҳми бзург доранд.
Имрӯз, ки мову шумо дар арафаи ҷашни Рӯзи Президент қарор дорем, ин тақозои тақвияти ихлосмандӣ, муҳаббати бепоён ва ифтихору саодатмандии мардуми кишварро нисбат ба Президенти муҳтарами кишвар баён менамояд.
-Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки њар яки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз лањзањои нахустини ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу кишвар – таъмини сулҳу субот, муттаҳидии мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд.
Дастовардҳои Президенти Тоҷикистон аст, ки Тоҷикистон дар зарфи 35 соли истиқлолият ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид. Тоҷикистон ба узвияти беш аз 80 созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодњои молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад; ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбудии вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳоро иҷро менамояд. Халқи Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфт, ки мақсади асосии он сулҳу субот, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ мебошад.
Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола бошукуҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудааст.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.
Муллоҷонзода Омина,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ

