Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар назди МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷират курсҳои омӯзиши забони русӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудаанд. Таъкид гардид, ки донистани забон ва касбомӯзӣ барои фаъолияти қонунӣ ва муваффақона дар хориҷи кишвар аҳамияти муҳим доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифта, оид ба омодагӣ пеш аз сафар ва риояи талаботи қонунгузории кишварҳои қабулкунанда маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
