Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ вохӯрии судманд бо сокинони ноҳия баргузор гардид.
Мақсади асосии вохӯрӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ аз талаботи қонунгузории кишвари иқомат ва шарҳу тавзеҳи тағйироти охирини қонунгузории Федератсияи Россия дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва риояи тартиби ҳуқуқии иқомат дар қаламрави ин кишвар буд.
Зимни мулоқот ба сокинони ноҳияи оид ба тағйироти нави қонунгузорӣ, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, тартиби ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатӣ, зарурати риояи қатъии талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда, инчунин аҳаммияти бастани шартномаи меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кормандон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, масъалаҳои риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ҷойи кор, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ ва бемории сил, тавсия дода шуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ зарурати ҳифзи саломатии худ ва риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ хотиррасон карда шуданд
Ҳамчунин оид ба тартиби будубоши қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, аз ҷумла шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, ҳуҷҷатҳои қайди муҳоҷиратӣ ва патент, инчунин санҷиши вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвари иқомат маълумот ва тавсияҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба сокинон вобаста ба масъалаҳои фаъолияти меҳнатӣ, будубоши қонунӣ ва риояи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Федератсияи Россия саволҳои худро пешниҳод намуданд. Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ ба саволҳои матраҳгардида посухҳои мушаххас дода, тавсияҳои зарурии ҳуқуқӣ пешниҳод кард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

