Ҳар як халқ ва ҳар як давлати соҳибистиқлол дорои рамзҳои хос, нишонаҳои давлатӣ ва атрибутҳое мебошад, ки моҳияти давлатдорӣ, таъриху фарҳанг ва ҷаҳонбинии онро таҷассум месозанд. Ин рамзҳо на танҳо ифодагари андешаи сиёсӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, балки барои наслҳои оянда мояи ифтихор, арҷгузорӣ ва эҳтироми ҳамешагӣ ба ҳисоб мераванд. Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатдории тоҷикон Парчами миллӣ аст, ки дар худ таърихи ҳазорсоларо таҷассум намуда, чун рамзи ягонагӣ, ифтихор ва соҳибихтиёрӣ шинохта мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари ҳаёти осоишта, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами давлатӣ рамзи сарбаландӣ ва сарфарозию ифтихор аз давлатдорию мустақилият мебошад.
Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯсти мамлакат мебошад. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, маҷмӯи биноҳои меъморию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебогии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро “Майдони парчам” номгузорӣ намудаанд. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти телевизиониашон 23 ноябри соли 2009 ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки “Парчами имрўзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.
Парчами миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандўсти бонангу номус мебошад. Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Бо парафшон гардидани Парчами давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ эҳсоси ватандорӣ дар қалби ҳар соҳибватан бедор мешавад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои абарқудрати олам дар созмону ташкилотҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад.
Мардонзода Суҳайли,
Мудири бахши иқтисод ва банақшагирӣ Хадамоти муҳоҷирати
