Парчам танҳо як порчаи матоъ нест — он рамзи давлат, ҳувияти миллӣ, иттиҳоду якпорчагии мардуми кишвар ва таҷассуми орзуву арзишҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик мебошад. Ин рамзи муқаддас ҳанӯз аз давраҳои қадим то ба имрӯз ҳамчун нишон ва парафшонии давлатдории тоҷикон нақш мебозад ва имрӯз низ бо эҳтироми бузург боло мебарад.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз, қабули Парчами давлатӣ яке аз аввалин қадамҳои муҳими таърихӣ дар самти ташкили низоми давлатӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буд. Парчами миллӣ дар худ орзуву армонҳои миллатро инъикос намуда, мардумро ба ваҳдат, сулҳ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад.
Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо идест барои хотиррасон кардани таърих, балки барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзест барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва қадршиносии сулҳу субот. Баргузории чорабиниҳои гуногун — аз маросимҳои ботантана то мулоқоту вохӯриҳои фарҳангӣ — ин арзишҳоро дар зеҳни ҷавонон боз ҳам устувортар мегардонад.
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар назди ҳар як хонадон, мактаб, идораи давлатӣ ва муассисаи ҷамъиятӣ бо ифтихор парафшон аст. Бардоштани Парчам дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, иқдомҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои ҷаҳонӣ ифтихор ва нуфузи кишварро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои буднёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маъориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
Барои ҳар як тоҷик Парчам рамзи шараф, дастоварди бузурги истиқлол ва нишонаи сарбаландии миллӣ мебошад.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

