23 ноябри соли 2026 вохӯрии Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо бо Менеҷери генералӣ, муҳаққиқи асосии Раёсати лоиҳаҳо ва Раёсати тадқиқотӣ Ҷопон Ясухито Моришима баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин роҳандозии раванди муташаккилонаи сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори меҳнати Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо доир ба фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл, омодасозии шаҳрвандон ба фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷопон, омӯзиши забони ҷопонӣ, аз худ намудани малакаҳои касбӣ ва мутобиқ намудани неруи корӣ ба талаботи бозори меҳнати ин кишвар табодули афкор намуданд.
Дар идомаи вохӯрӣ намояндагони Ҷопон аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Зимни боздид меҳмонон бо раванди фаъолияти марказ, имкониятҳои мавҷуда, хизматрасониҳои машваратӣ ва тадбирҳои андешидашаванда ҷиҳати омодасозии шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар шинос гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби Сардори Хадамоти муҳоҷират пешниҳод гардид, ки намояндагони Ҷопон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои расмӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бо пешниҳоди мактуб оид ба бастани Созишномаи ҳамкорӣ муроҷиат намоянд.
Зикр гардид, ки ба имзо расидани чунин Созишномаи ҳамкорӣ метавонад барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба бозори меҳнати Ҷопон, таъмини шуғли онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама ва тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳор доштанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
