• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Парчами давлатӣ — рамзи сарбаландии миллат ва пояи устувори давлатдорӣ

Migration Service by Migration Service
24.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Парчами давлатӣ — рамзи сарбаландии миллат ва пояи устувори давлатдорӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти асосии давлатдорӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, озодӣ ва сарбаландии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги куҳанбунёд, ормонҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси муҳаббат ва садоқат ба Ватанро бедор менамояд.


Ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Ин санаи фархунда барои мардуми кишвар на танҳо як ҷашни давлатӣ, балки рӯзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар марҳилаи тақдирсози давлатдории навини тоҷикон ба вуқӯъ пайваста, барои ташаккули рамзҳои давлатдории мустақили миллӣ заминаи устувор гузошт.

Дар таҳкими мақоми Парчами давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ дар ҷомеа саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас мебошад. Бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат Парчами давлатӣ ба яке аз рамзҳои муҳими худшиносии миллӣ ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Яке аз иқдомҳои муҳими таърихӣ дар ин самт бунёди манораи Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки 30 августи соли 2011 ба истифода дода шуд. Баландии он 165 метр буда, дар замони ифтитоҳ яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Ин иншооти муҳташам нишонаи эҳтироми амиқ ба истиқлолияти давлатӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Ҳамчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи эҳтиром ва гиромидошти рамзҳои давлатӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи муҳим пайдо намуда, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Парчами давлатӣ ба анъанаи неки ватандӯстона табдил ёфтааст.

Рангҳои Парчами давлатӣ мазмуну муҳтавои амиқи таърихӣ ва рамзӣ доранд. Ранги сурх рамзи озодӣ ва муборизаҳои таърихии халқ барои истиқлолият, ранги сафед нишонаи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва бахту саодат, ранги сабз бошад, ифодагари сарсабзӣ, ободонӣ ва зиндагии осоишта мебошад. Тоҷ ва ҳафт ситора дар маркази Парчам рамзи давлатдории миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик мебошанд. Дар баробари ин, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар самти ҳифзи манфиатҳои умумибашарӣ, аз ҷумла обу иқлим, сулҳу субот ва рушди устувор, боиси болоравии нуфузи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ гардидаанд.

Имрӯз, Парчами Тоҷикистон дар минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон буда, аз мавқеи устувори давлати соҳибистиқлоли мо шаҳодат медиҳад.

Бо назардошти хусусияти фаъолияти соҳаи муҳоҷират, бояд таъкид намуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва муаррифии шоистаи Ватан дар хориҷи кишвар низ аҳамияти махсус дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар давлатҳои хориҷӣ қарор доранд, бо риояи қонунгузории кишварҳои иқомат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва рафтори намунавии худ метавонанд обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизро баланд бардоранд. Парчами давлатӣ дар қалби ҳар як ҳамватани бурунмарзӣ низ эҳсоси пайванд бо Ватан, ифтихор аз миллати хеш ва масъулиятро дар назди давлати соҳибистиқлол бедор менамояд.

Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус падару модарон, омӯзгорон ва хизматчиёни давлатӣ аз он иборат аст, ки дар замири насли наврасу ҷавон эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият бахшанд. Зеро насли огоҳу ватандӯст метавонад арзишҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, барои ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад.

Парчами давлатӣ рамзи ҳастии миллат, нишонаи соҳибихтиёрии давлат ва пайванди наслҳои гузашта, имрӯз ва оянда мебошад. Эҳтиром ба он эҳтиром ба Ватан, таърих, фарҳанг ва истиқлолияти миллии мост.
Дар фарҷом, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори обод, сулҳу суботи пойдор ва дастовардҳои нав ба навро орзу менамоям.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад ва зери сояи он мардуми сарбаланди кишвар дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагии шоиста дошта бошанд!

Илҳом Баротов,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор

Previous Post

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”-и шаҳри Хуҷанд

Next Post

Парчами давлатӣ – яке аз муқадастарин рамзҳои кишвар мебошад

Next Post
Парчами давлатӣ – яке аз муқадастарин рамзҳои кишвар мебошад

Парчами давлатӣ – яке аз муқадастарин рамзҳои кишвар мебошад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.