• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Парчами давлатӣ – яке аз муқадастарин рамзҳои кишвар мебошад

Migration Service by Migration Service
24.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Парчами давлатӣ – яке аз муқадастарин рамзҳои кишвар мебошад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Парчами давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии соҳибихтиёрии ҳар як давлат ба шумор рафта, дар муаррифии таъриху фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллии он нақши муҳим дорад. Ҷашни Парчами давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон на танҳо як санаи муҳимми таърихӣ, балки таҷассуми эҳтиром ба истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Таърихи пурғановати миллати тоҷик саршор аз саҳифаҳои пурифтихори давлатдорӣ ва парчамдорӣ буда, аз як ҷониб боиси ифтихори миллӣ ва аз ҷониби дигар, заминаи устувори худшиносиву худогоҳии наслҳои имрӯзу оянда маҳсуб мешавад. Парчам дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ, истиқлол ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мавқеи хос доштааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон яке аз муқадастарин рамзҳои кишвар буда, ваҳдат ва худшиносии миллии тоҷикон мебошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи Парчам иброз доштанд: “…Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон мебошад”.

Дар ҷаҳони паҳновари имрӯза ҳар як давлат барои шиносонидани худ нишону парчам дорад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Ҳақиқатан, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадимаро дорост. Таърих собит сохтааст, ки ҳануз аз замонҳои хеле қадим Парчам рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус маҳсуб мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, қабул карда шуд. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон заминаи ҳуқуқӣ ва рамзии соҳибихтиёрии давлатро таҳким бахшида, барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти бузург дорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд: “Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад”.

Ҳамчунин, Сарвари давлат дар мавриди ҷойгоҳ ва аҳаммияти Парчами давлатӣ чунин иброз доштаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.

Воқеан, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо менамояд, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ шиносномаи давлату миллат буда, соҳибистиқлолӣ, ягонагӣ ва ормонҳои таърихии мардуми Тоҷикистонро таҷассум менамоянд.

Мазмуну муҳтавои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рангҳо ва унсурҳои тасвирии он таҷассум ёфтааст. Ҳар як ҷузъи парчам дорои маънои рамзӣ буда, дар маҷмуъ, таъриху фарҳанг, ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои созандаи мардуми тоҷикро ифода менамояд. Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисориҳои халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед нишонаи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва бахту иқболи сафед, ранги сабз бошад, рамзи сарсабзиву хуррамӣ, табиати зебо ва саъю талоши мардум барои ободии Ватан мебошад.

 Тоҷи зарҳал ва ҳафт ситораи болои он низ дорои мазмуни амиқи рамзӣ буда, соҳибдавлатӣ, истиқлол, давлатдории миллӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷикро таҷассум мекунанд. Ҳамин тавр, Парчами давлатӣ на танҳо маҷмӯи рангҳо ва тасвирҳо, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, ҳувияти миллӣ ва ормонҳои созандаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин сана барои мардуми кишвар рамзи эҳтиром ба истиқлолу озодӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ мебошад.

Имрӯз мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ифтихор дорем, ки соҳиби Парчами давлатӣ, Нишон ва Суруди миллии худ ҳастем. Зери парафшонии Парчами давлатӣ сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту созандагӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҷассум менамоем.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо дар сухан ва таҷлили ҷашнҳо маҳдуд намегардад. Он пеш аз ҳама, дар муҳаббат ба Ватан, садоқат ба давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ зоҳир мегардад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва гиромидошти онҳо қарзи виҷдонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Аҳадзода Алишер,

Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Парчами давлатӣ — рамзи сарбаландии миллат ва пояи устувори давлатдорӣ

Next Post

ҶАВОНОНИ БОМАЪРИФАТ – ПОЯИ ҶОМЕАИ БОСУБОТ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

Next Post
ҶАВОНОНИ БОМАЪРИФАТ – ПОЯИ ҶОМЕАИ БОСУБОТ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

ҶАВОНОНИ БОМАЪРИФАТ – ПОЯИ ҶОМЕАИ БОСУБОТ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.