Дар замони имрӯза ҳар як ҷавон бояд кӯшиш намояд, ки бо донишу малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва рафтори намунавӣ дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунад. Зеро ояндаи ҳар як давлат пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи ҷавонони он вобастагии зиёд дорад.
Имрӯз масъалаҳои муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунанд. Бисёр ҷавонон бо мақсади пайдо намудани ҷойи кори муносиб ва беҳтар намудани шароити зиндагии худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд. Албатта, меҳнат кардан ва ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар амали хуб аст, аммо дар ин роҳ донистани қонунҳо ва риояи талаботи кишвари будубош аҳамияти калон дорад.
Пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ҳар як шаҳрванд бояд аз мақсади сафар, тартиби будубош, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва қоидаҳои фаъолияти меҳнатӣ огоҳ бошад. Бояд ба масъалаи бастани шартномаи меҳнатӣ, интихоби корфармои боэътимод ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои шахсӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Риояи қонунҳои кишвари қабулкунанда на танҳо кафолати фаъолияти қонунии шаҳрванд аст, балки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худи муҳоҷир низ мусоидат мекунад.
Дар ин самт нақши огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон хеле муҳим мебошад. Ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд донад, ки дар ҳолати ба миён омадани мушкилот ба кадом мақомоти дахлдор муроҷиат намояд ва чӣ гуна ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунад. Беҳтар аст, ки пеш аз сафар маълумоти зарурӣ аз манбаъҳои расмӣ гирифта шавад ва ба ваъдаҳои шахсони тасодуфӣ бовар карда нашавад.
Дар баробари ин, яке аз роҳҳои муҳими беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон омӯзиши касбу ҳунар мебошад. Ҷавоне, ки соҳиби касб ва ҳунари муайян аст, метавонад дар дохил ва хориҷи кишвар имкониятҳои бештари кор пайдо намояд. Омӯзиши касбҳои техникӣ, сохтмонӣ, дӯзандагӣ, барқчигӣ, таъмири техника, технологияи иттилоотӣ ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои ба даст овардани даромади мустақилона мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ аҳамияти махсус дорад. Донистани забони русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо ба ҷавонон имкон медиҳад, ки бо одамони гуногун муошират намоянд аз имкониятҳои нави таҳсилу кор истифода баранд ва ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар бо мушкилоти камтар рӯ ба рӯ шаванд. Забондонӣ танҳо воситаи гуфтугӯ нест, балки як роҳи васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш мебошад.
Масъалаи дигаре, ки набояд аз мадди назар дур монад, пешгирии ҷавонон аз таъсири гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Ҷавонон дар ҳар давру замон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳо вақти худро бештар ба омӯзиш, меҳнати ҳалол, варзиш ва фаъолияти созанда равона созанд.
Имрӯз бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва маълумоти нодуруст ҷавононро ба худ ҷалб кунанд. Бинобар ин, ҳар як ҷавон бояд дар истифодаи интернет ҳушёр бошад ба ҳар гуна хабару даъватҳои шубҳанок бовар накунад ва пеш аз қабул намудани маълумот дурустии онро аз манбаъҳои боэътимод санҷад.
Барои пешгирии чунин ҳолатҳо танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ кофӣ нестанд. Муҳим аст, ки дар оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа барои ҷавонон муҳити солим фароҳам оварда шавад. Суҳбати самимии падару модар бо фарзандон, таваҷҷуҳ ба мушкилоти онҳо, дастгирии омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу кор метавонад таъсири мусбат расонад.
Ҳамчунин, ҷавонон бояд арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ, эҳтироми калонсолон, дӯст доштани Ватан ва муносибати нек бо дигаронро қадр намоянд. Маърифати ҳуқуқӣ ва дониши дурусти динӣ низ дар ташаккули ҷаҳонбинии солим ва пешгирӣ аз ақидаҳои ифротӣ нақши муҳим доранд.
Дар маҷмӯъ, риояи қонунҳои муҳоҷират, омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб масъалаҳое мебошанд, ки бо ҳам робитаи зич доранд. Ҷавоне, ки соҳиби дониш, касб, ҷаҳонбинии солим ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аст, метавонад дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ мустақилона қарор қабул намояд.
Бояд ҳар яки мо дарк намоем, ки барои сохтани ояндаи беҳтар танҳо орзу кардан кофӣ нест. Барои расидан ба мақсад дониш омӯхтан, меҳнат кардан, қонунҳоро эҳтиром намудан ва аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурдан зарур аст. Зеро ҷавонони соҳибмаърифат, ҳунарманд ва ватандӯст кафили пешрафт, сулҳу субот ва ободии ҷомеа мебошанд.
Абдуллоев Н,
Мудири бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират
