Дар асоси нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи корӣ оид ба пешгирӣ аз муноқишаҳои оилавӣ, зӯроварӣ дар хонавода ва ҷиноятҳои хусусияти ахлоқидошта, ки бо амри раиси ноҳияи Фархор аз 25 ноябри соли 2026, №47 тасдиқ гардидааст, дар толори ШВКД дар ноҳия ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Сардори ШВКД бахши минтақаи Кулоб муовини раиси ноҳия Раҳматулозода Дилбар, муовини сардори ШВКД дар ноҳия Назарзода Файзулло, намояндагони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор Баротов Илҳом ва аъзои гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ба аъзои гурӯҳи корӣ вазифа ва самтҳои асосии фаъолият, тартиби ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, роҳҳои таҳқиқ ва баррасии ҳолатҳои муноқишаҳои оилавӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дастурамалҳои соҳавӣ фаҳмонида шуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа вобаста ба натиҷаи таҳлили нишондиҳандаҳои давраи 10-моҳаи соли 2026 оид ба ҳолатҳои муноқишаҳои оилавии ба қайд гирифташуда, ки дар заминаи онҳо ҷиноят содир гардидааст, маълумоти таҳлилӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, сабабу омилҳои ба миён омадани муноқишаҳои оилавӣ, зарурати сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои ташвишовар, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои муштараки пешгирикунанда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва зӯроварӣ дар хонавода танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки ҳамкории пайвастаи сохторҳои дахлдор, фаъолони ҷомеа, масъулини соҳаи кор бо занон ва оила, ҷавонон, намояндагони маҳаллаҳо ва дигар ниҳодҳоро тақозо менамояд.
Дар фарҷоми ҷаласа ба аъзои гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, таҳти назорат қарор додани оилаҳои осебпазир ва пешгирии ҳар гуна кирдорҳои номатлуб дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо таҳкими суботу оромӣ дар муҳити оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳо дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

