Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монданд.
Зимни суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон кормандон оид ба талаботи қонунгузории муҳоҷират, қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар давлати қабулкунанда, тартиби бақайдгирӣ, доштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Федератсияи Россияро доранд, ҷиҳати омодагӣ ба супоридани имтиҳони забони русӣ курсҳои ройгони омӯзиши забони русӣ, ки дар назди МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ташкил гардидааст, пешниҳод карда мешаванд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шаҳрвандон пеш аз сафар сатҳи дониши забонии худро баланд бардошта, бо омодагии бештар ба фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар оғоз намоянд.
Кормандони масъул ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки пеш аз сафар аз талаботи қонунгузории давлати қабулкунанда пурра огоҳ гардида, ҳуҷҷатҳои заруриро омода созанд ва аз хизматрасониҳои миёнаравони шубҳанок худдорӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирати бехатару муташаккил нақши муҳим доранд.
Хадамоти муҳоҷират минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва омодагии касбию забонии шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро идома медиҳад.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират
