[:tj]
Хабарнигори Хадамоти муҳоҷират Анвар Юсупов бо Нозим Сафаров зодаи шаҳри Душанбе суҳбати сарироҳии саволу ҷавоб баргузор кард. Фишурдаи суҳбат ин аст:
-Шумо аз муҳоҷират баргаштед?
– Бале, ман муддати 10 сол мешавад, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия кору фаъолият менамоям. Аслан ман бо корҳои сохтмонӣ машғулам. Маоши хуб мегирам.
– Ҳолатҳое буданд, ки аз ҷониби корфармо нисбат ба Шумо ҳуқуқвайронкунӣ ва ё боздоштани маош рӯй дода бошад?
– Не, ҳеҷ вақт.
– Шумо ягон маротиба бемор будед ва дар ин ҳолат маблағи табобат аз тарафи кӣ пардохт шуд?
– Ман як маротиба курудаамро ҷарроҳӣ кардам, маблағашро ширкат пардохт намуд, чунки дар шартномаи кориам хурду хӯрок, ҷойи хоб ва беморӣ қайд гардида буд. Роҳбарияти ширкат чанд маротиба ба дидорбиниям омад, барои муолиҷаам кумаки модӣ расонд. Ман ба онҳо сипосгузорам.
– Аз надоштани ихтисос танқисӣ доштед?
– Дар бригадаи мо ҳама ихтисосманд буданд. Мо метавонистем дар ҳар лаҳза якдигарро иваз намоем. Асоси кори мо якдигарфаҳмӣ буд. Душвориамон – хубтару беҳтар надонистани забони русӣ. Шукрона, ки ман дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе калон шудам, забони русиро хуб ёд гирифтам. Боқимонда ҳамкорони ман, ки бисёрашон аз деҳот ҳастанд, ҳоло 60 фоизи забонро аз худ кардаанд.
– Роҳҳо кушода шаванд, Шумо боз ба кишвари Россия меравед?
– Албатта, меравам. Алакай аз номи роҳбарияти ширкат даъватнома ҳам гирифтам. Онҳо маро интизоранд. Ният дорам, ки рӯзҳои наздик вазъият бо ин бемории нави КОВИД-19 тағйир ёбаду, ман боз барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор гардам.
– Шумо 10 сол боз дар муҳоҷират ҳастед, барои пешрафти кори муҳоҷират чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонид?
– Бисёр мехостам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Созишнома оид ба таъмини нафақа, суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи тиббиро ба имзо расонанд.
– Ташаккур![:]