11 июни соли равон бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои марбута, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоён, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, Созмони байналмилалии меҳнат иштирок ва вобаста ба мавзӯи ҷаласа андешаронӣ намуданд.
Аснои ҷаласа аз ҷониби Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак Нурулло Маҳмадуллозода қайд карда шуд, ки ҳадаф аз ҳамасола 12 июн таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа, созмону ташкилот ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои татбиқи амалии чорабиниҳо оид ба таъмини беҳбудии вазъи иҷтимоии кӯдакон мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ба масъалаҳои пешгирии меҳнати маҷбурӣ ва вазнини кӯдакон аҳамияти хоса медиҳад. Мутобиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як кӯдак аз истисмори иқтисодӣ, аз иҷрои коре, ки ба саломатии ӯ, ба инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ӯ зарар мерасонад, ё садди роҳи таҳсилоти ӯ мегардад, ҳимоя мешавад.
Аз ин рӯ, бо ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расида истодаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати кӯдакону наврасон ва ояндаи миллат равона шудаанд.
Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияҳои ТБМ, №138 “Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан”, №29 “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ” ва №182 “Дар бораи манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон”, “Протокол соли 2014 ба Конвенсияи соли 1930 оид ба меҳнати маҷбурӣ” ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон”-ро ба тасвиб расонида, қонунгузории худро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда истодааст.
Бинобар дарки зарурати пешгирӣ ва қатъиян манъ кардани меҳнати кӯдак дар ҳама шаклу тарзҳои зуҳуроти он дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Бахши мониторинги меҳнати кӯдак фаъолият дорад. Ин бахш вазифаи таҳия ва татбиқи системаи мониторинги меҳнати кӯдак ва вазифаи котиботи Шӯрои мазкурро ба уҳда дорад.
СММ бо мақсади хотима додан ба амали нангини ҷалби кӯдак ба меҳнати вазнин ва хатарнок соли 2021-ро зери шиори “Соли умумиҷаҳонии барҳам додани меҳнати кӯдакон” ва 12 июнро “Ҳозир амал кунед: ба меҳнати кӯдак хотима диҳед” эълон кардааст.
Мо ҳам ба ин ташаббуси пуршараф ҳамроҳ мешавем ва аз ҳамаи институтҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамоем, ки барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, таъмини шароити мусоид барои рушди онҳо, манъи истифодаи меҳнати онҳо, ки ба саломатӣ ва инкишофи ҷисмонию маънавии онҳо монеа мешаванд, ҷидду ҷаҳд намоем.
Дар фарҷом аз ҷониби Шӯро як қатор қарорҳо барои тақвияти кор ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ дар самти барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак қабул гардиданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон