Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос сарфароз аз он аст, ки дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, рушди босуръати саноату иқтисод ва иҷтимоиёту некӯаҳволӣ умр ба сар мебарад. Дар баробари ин ҳама давлату Ҳукумати кишвар баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тамоми тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст. Новобаста аз ин омилҳое ба миён меоянд, ки садди роҳи ин тадбирҳо гардида, амалигардонии онро душвор менамояд.
Яке аз омилҳои асосие, ки ба ҳадафҳои судманд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум монеа эҷод менамояд ва суръати рушди бемайлонро коҳиш медиҳад, ин аз ҷониби шахсони масъул содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз коррупсия нобаробарии иҷтимоиро ба миён оварда, боварии мардумро нисбат ба сиёсати давлат коста мегардонад.
Маълум аст, ки коррупсия ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, бахусус мафкураи инсоният, таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити имрӯза пайдо кардани кишварҳои озод аз амалҳои коррупсионӣ қариб ғайриимкон гашта, ин падидаи номатлуб хусусияти умумибашариро касб карда, яке аз намудҳои нави таҳдиди ҷаҳонӣ ба амнияти сиёсӣ ва рушди тамоми самтҳои давлатдорӣ мебошад.
Дар шароити кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои зичи байнидавлатӣ коррупсия пеш аз ҳама ба рушди иқтисодиёти ҳар кишвар таъсири манфӣ расонида, ҳамзамон, дар сар задани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ ва як қатор ҷиноятҳои фаромиллии дигар, ки ба сулҳу субот ва истиқлоли комили давлатҳо таҳдиди бевосита доранд, яке аз сарчашмаҳои асосӣ мегардад.
Хавфу хатари ҷиноятҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои нангини онро ба инобат гирифта, давлатҳои дунё зарур шумориданд, ки бо муайян намудани принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ ва чораҳои пешгирии коррупсия як санади байналмилалӣ қабул намоянд. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 дар Шӯрои 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” қабул гардида, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи Мексика дар Конференсияи сиёсии сатҳи баланд зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ ба он имзо гузоштанд. Айни ҳол, зиёда аз 172 давлати дунё Конвенсияи мазкурро қабул намуда, уҳдадор гардиданд, ки бо мақсади пешгирии коррупсия низоми қонунгузорӣ, давлатдорӣ ва ҳуқуқтатбиқнамоии худро такмил дода, онро ба Конвенсияи мазкур мутобиқ намоянд. Аз давлатҳои узви Конвенсия даъват ба амал оварда шуд, ки дар асоси принсипҳои ростқавлӣ, масъулиятнокӣ ва шаффофият сиёсати зиддикоррупсиониро таҳия ва амалӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории байнидавлатиро дар самти мубориза бо коррупсия роҳандозӣ намоянд. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар арсаи байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ заминаи мусоидро фароҳам оварда, дар роҳи паст намудани шиддати коррупсия таъсири мусбии хешро расонид. Бинобар ин ҳамасола дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бахшида ба рӯзи қабул намудани Конвенсияи мазкур, яъне 9 декабр, шурӯъ аз соли 2004 ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия ҷашн гирифта мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи чаҳонӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия бетарафӣ зоҳир накарда, ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ 25 сентябри соли 2006 имзо намуд, ки он соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд. Дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ бо мақсади мубориза бо коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд.
Аз ҷумла, оид ба масъалаи мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25-уми июли соли 2005 қабул шуд ва бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20-уми марти соли 2008 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” аз 7-уми августи соли 2020 заминаҳо барои коҳиш додани кирдорҳои коррупсионӣ мустаҳкам карда шуд.
Қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ, аз ҷумла: “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” аз 26 январи соли 2008, “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз 30-уми августи соли 2013 ва “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз 3-уми августи соли 2021 барои муборизаи оштинопазир бо он ва коҳиш додани сатҳи амалҳои номатлуби коррупсионӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.
Қайд кардан бамаврид аст, ки мубориза бо коррупсия ва пешгирии содиршавии амалҳои коррупсионӣ дар мамлакат аз иродаи сиёсии роҳбари давлат оғоз гардида, самаранокии он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии зич дорад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд”.
Воқеан, имрӯз ҳар як фарди бо нангу номуси Ватанро зарур аст, ки дар мубориза бо ин падидаи номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, бо мақсади паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа ва ба ин васила баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Камолиддин Бобоев,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода

