Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризму экстремизм ва ифротгароист.
Ин амали мудҳиш нав набуда, дар замонҳои қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам аз худ дарак додааст. Масалан, дар замонҳои гузашта одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидан ва даҳшатафканӣ идеологияи худро ба сари дигарон бор ва онҳоро истифода мебурданд. Дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ – диниро ба худ касб намуда, фаъолияти ифротии онҳо доман паҳн кард.
Мазҳабҳои алоҳидаи дини Ислом дар асрҳои миёна шомили хурофотпарастӣ гашта, ба куштори халифаҳо, мансабдорони маъмурӣ ва ҳарбӣ нигаронида мешуданд.
Ҳамзамон, таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки терроризм ва экстремизм дар ҳолате пайдо мегардад, ки бӯҳрони амиқи ғоявӣ ва мафкуравӣ ҷомеаро фаро гирифта бошад. Баъдан, дар ҷомеаҳои бӯҳронзада гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ пайдо гардида, баҳри забти ин фазо ҷидду ҷаҳд менамоянд. Дар ин лаҳза барои пуштибонии онҳо хоҷагони беруна ба майдон меоянду бо воситаи пулу мол онҳоро ба қолаби худ медароранд. Баъдан, аз ҷониби хоҷагону сарпарастони хориҷӣ дастуре мегиранд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои хеш ба истифодаи зӯроварӣ, яъне террори рақибони сиёсӣ даст мезананд ва баҳри расидан ба мақсад аз тамоми роҳҳо истифода мебаранд.
Бинобар ин, лозим аст, волидон, устодону омӯзгорон ва кулли ҷомеа бояд ба тақдири фарзандонамон, ки насли ояндасози кишвари моанд, бепарво набошем, нагузорем, ки мафкураи онҳоро қувваҳои нохалаф вайрон кунанд.
Авазов М,
Корманди масъули раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
