Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Солҳои охир доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб зиёд ҳарф мезанем, ки ин боиси нигаронист. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, зӯроварӣ, фишороварӣ ба шахсони алоҳида, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он ба ҳисоб рафта, баҳри расидан ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни тарҳрезишуда равона гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ–бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.
Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки амалҳои террористӣ, пеш аз ҳама зидди давлат равона гардида, вазифаи аввалиндараҷаи он ин зери итоати худ даровардани давлат, сохторҳои он, тамоми ҷомеа буда, иҷборан аз онҳо талаби иҷрои хоҳишҳои худ ва сарпарастонашонро менамоянд. Мақсад ва ҳадафи террористон вайрон намудани суботи сиёсӣ ва ҷомеа, инчунин мусоидат ба қарорҳою санадҳои қабулнамудаи сохторҳои дахлдор мебошад.
Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти хонандагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои гуногуни нафърасон назар кунем. Пайваста талош варзем, то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Наслҳои ҷавони ояндаро тавре тарбия намоем, ки фирефтаи ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ нашаванд ва барои пойдору мустаҳкам нигоҳ доштани манфиатҳои миллӣ, сулҳу суботи кишвар, ваҳдату истиқлоли Ватани азизамон–Тоҷикистон масъулиятшинос бошанд.
Имрӯз волидонро мебояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, ба ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе