Дар пойдории сулҳу суботи дилхоҳ давлат амнияти иттилоотӣ ҳамчун қисми таркибӣ ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Аз ин хотир, ба паҳлуҳои таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳ намудан аз манфиат дур нест.
Имрӯз ҳаёт ва фаъолияти инсонро бидуни шабакаи Интернет тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Аз он ахбороти мухталифи маърифатӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, миллӣ, динӣ ва ғайраро дарёфтан мумкин аст.
Амнияти иттилоотӣ ҳолат ва шароите мебошад, ки ҳар гуна хавфу хатар ба дилхоҳ маълумоти муҳим ва сарнавиштсози ин ё он давлат пешгирӣ ва бартараф карда шуда, дастрасӣ ва таъсиргузории гурӯҳҳои таҳрибкор ва ҷиноятпеша ба маълумот, ҳуҷҷатҳо ва ё афкори омма маҳдуд шудааст. Ҳадаф ва мақсади асосии таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар давлат аз он иборат аст, ки бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва системаи таъмини амнияти иттилоотӣ дилхоҳ хатару таҳдиди воқеӣ, эҳтимолӣ ва имконпазир ба фазои иттилоотии давлат бартараф ва ба ин васила, якпорчагӣ, суботу оромӣ ҳифз ва рушди устувор дар ҷомеа таъмин карда мешавад.Дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рушди минбаъдаи ҷомеа ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе назардошти омилҳои иттилоотӣ амалӣ намудан ғайриимкон аст.
Ҷаҳони имрӯза дар бархӯрди манфиатҳо ва муборизаи геополитикии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, ки ҳар яке ҳадаф дорад, ки тарҳи хешро дар саҳнаи ҷаҳонӣ амалӣ созад. Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа, аз он тақозо менамояд, ки истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлат метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд. Боиси тазаккур аст, ки барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи замони муосир қудрати як давлат намерасад ва аз ин ҷо муттаҳидии давлатҳои ҳамҷавор ва минтақаҳои бузург зарур аст.
Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст ва ҳеҷ як иттилоот бидуни ҳадаф пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар камтарин фурсат иттилооти дилхоҳ дар олам паҳн мегардад. Албатта, ин комёбии илмӣ-техникӣ барои пешбурди фаъолияти ҳар як инсон манфиатбахш мебошад. Лекин, ҷиҳати манфии ин падида низ ба назар мерасад. Он метавонад, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллии ҷомеаро таъсиррасон бошад, дигаргун созад, аз байн барад. Миллати тоҷик дорои фарҳанги куҳан ва ҷаҳонӣ мебошад, ки бо мероси гаронбаҳои хеш ба тамоми ҷаҳониён шуҳрат пайдо кардааст. Набояд, ки ҷавонони имрӯза аз он дур гарданд, фарҳанги бегонаро азхуд намуда, эҳтиром ва нигоҳдошти арзишҳои миллиро аз даст диҳанд. Ҳар як давлати абарқудрат низ кӯшиш менамояд, ки фарҳанг ва ниҳодҳои миллии хешро нигоҳ дорад ва баҳри расидан ба ин мақсад арзишҳои миллиро дар байни наврасон ва ҷавонон талқин менамояд, меомӯзонад ва ба ҳамагон муаррифӣ мекунад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як шаҳрванди комил ва бомаърифат бояд манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоли хешро дар мадди аввал гузошта, дар заминаи он фаъолияти ҳамаҷонибаи хешро бояд ба роҳ монад.
Яке аз хусусият ва вижагиҳои чашмраси замони муосир аз он иборат аст, ки ҳоло мафҳуми – «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» сари забонҳост ва хеле маъмул гаштааст. Давлатҳо, ҳизбу созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ, гурӯҳҳо ва ҳатто шахсони алоҳида дар муқобили ҳамдигар бо истифода аз шеваҳои мухталифи набардҳои иттилоотӣ муқовиматро вусъат медиҳанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилооотӣ рушди халқу давлатҳо аз доштани зарфият ва имконияти коркард, истеҳсол, ҳифзу нигоҳдорӣ, таҳлил ва паҳн намудани иттилоот вобастагии бештар дорад. Шакл гирифтани ҷомеаи иттилоотӣ зери таъсири технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, масири рушди ҷомеа ва давлатҳоро тағйир дода, имкониятҳои наву осонро ҷиҳати ба роҳ монадани фаъолияти корӣ ва истеҳсолӣ, инчунин тараққӣ кардан, фароҳам овардааст. Дарки дурусту амиқи моҳияти ҷомеаи иттилоотӣ, ҳангоми муайян намудани роҳу воситаҳои ташаккули ҷомеаҳои муосир, муяссар мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки авҷ гирифтани мубориза ва ҷангҳои иттилоотӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, раванди канораи ҷаҳоникунонии фарҳанги бегона, зуҳури ҳар гуна ҳаракату ташкилоти экстремистиву террористӣ дар фазои маҷозӣ ва истифода гардидани ин майдон аз ҷониби онҳо, пайдоиши кибертерроризм ва киберэкстремизм, ифротгароии динӣ ва падид омадани ҷараёну мазҳабҳои радикалии динӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти иттилоотии дилхоҳ давлат ба шумор мераванд. Истифода гардидани интернет ва воситаҳои технологӣ аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва ба ин васила ҷалби қишрҳои муайян ба радифҳои худ заруратеро пеш овардааст, ки амнияти иттилоотӣ беш аз ҳар вақта таъмин шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ омили асосии пайвастани гурӯҳҳои гуногун, хусусан, ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ гардидаанд. Масъалаи пайвастани ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад, ки барои пешгирии чунин раванд андешидани тадбирҳои огоҳона бамаврид ва саривақтӣ аст.
Агар бигӯем, ки амнияти иттилоотии Тоҷикистон пурра таъмин аст ва ҳеҷ хатару таҳдиде ба он вуҷуд надорад ва ба раванди таъмини амнияти иттилоотӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намоем, мо иштибоҳ мекунем. Дар шароити муосир ҳеҷ давлате вуҷуд надорад, ки амнияти иттилоотиашро пурра таъмин намуда бошад. Имрӯз, таҳдидҳои иттилоотӣ ба тамоми кишварҳо аз ҷумла, давлатҳои абарқудрат эҳсос мешавад. Тавре дар боло зикр шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти иттиллоотӣ як қатор санадҳои ҳуқуқӣ – сиёсиро қабул ва як қатор корҳои амалиро анҷом додааст, ки раванди ҳифз ва роҳҳои инкишофи он амнияти иттилоотиро самаранок гардонидаанд.
Таъмини амнияти иттилоотӣ водор месозад, ки захираҳои пулию молӣ ба самтҳои муҳими рушди илму техника, дастгирии мактабҳои пешқадами илмӣ, тезонидани ташаккули имкониятҳои илмӣ-техникӣ ва заминаҳои технологияи миллӣ, ҷалби маблағҳои хусусӣ равона карда шавад. Дар ин ҷода ташкили фондҳо ва истифодаи грантҳо, амалисозии барномаҳои рушди ҳудудҳое, ки дорои имконияти баланди илмӣ-техникӣ мебошанд, мувофиқи мақсад аст. Таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамчунин бо дастгирии давлат ташкили инфрасохторҳое, ки натоиҷи коркардҳои илмӣ-техникиро бо назардошти ҳифзи моликияти ақлонӣ ба бозор мебароранд, рушди шабакаи иттилооти илмӣ-техникӣ ва бозориро талаб менамояд.
Аз ин рӯ, агар инсон бихоҳад дар замони муосир бо тамоми қоида ва арзишҳои он зиндагӣ намояд, лозим аст, то тахассусҳоеро омӯзад, ки анҷом додани он дар шароити хона ба воситаи интернету компютер имкон дорад ва ҳамзамон, меҳнати ҷисмониро талаб наменамояд. Ба ҳамин хотир, мо бояд на фақат худро барои зиндагӣ ва кору фаъолият дар ҷомеаи иттилоотӣ бо омӯхтани илмҳои муосир омода намоем, балки наврасону ҷавононро омӯзонем, ки кадом навъи касбу тахассусҳои муосир ва муфидро интихоб намоянд. Маҳз бо ин роҳ мо метавонем сатҳи тафаккури ҷомеаро ба талаботи ҷомеаи иттилоотӣ мутобиқ намоем.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират