• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Амнияти иттилоотӣ ва арзишҳои миллӣ дар замони муосир

Migration Service by Migration Service
30.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Амнияти иттилоотӣ ва арзишҳои миллӣ дар замони муосир
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чӣ ҳолати ҳассосе қарор доранд ва дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишофи худ бо чи гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар замони ҳозира масъалаи амнияти иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо аз ҷанбаҳои асосии амнияти миллии кишвар ба шумор меравад.

Ҷаҳони имрӯза дар бархӯрди манфиатҳо ва муборизаи геополитикии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, ки ҳар яке ҳадаф дорад, ки тарҳи хешро дар саҳнаи ҷаҳонӣ амалӣ созад. Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа, аз он тақозо менамояд, ки истиқлоли миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлат метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд. Боиси тазаккур аст, ки барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи замони муосир қудрати як давлат намерасад ва аз ин ҷо муттаҳидии давлатҳои ҳамҷавор ва минтақаҳои бузург зарур аст.

Дар ин росто кишвари мо низ аз ин хатарҳо бенасиб нест. Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон имконияти васеъу фарохро баҳри амалӣ гардонидани манфиатҳои миллии кишвар шароит фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибати байналхалқӣ узвияти хешро дар як қатор созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дорад, ки ин нуфузи геополитикиро дар минтақа афзун мегардонад. Дар марҳилаи истиқлоли давлатӣ фаъолияти институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бештар ба назар мерасанд ва дар маҷмуъ ба ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Фаъолият ва таъсири васоити ахбори умум ҳамчун шохаи чоруми ҳокимият бештар гардида, он ба сатҳ ва дараҷаи сифатан нав баромад. Инҳо: фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо, роҳ ёфтани арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ба мисли озодии сухан ва озодии баён дар ҷомеа ва ғайра. Имрӯз ҳаёт ва фаъолияти инсонро бидуни шабакаи Интернет тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Аз он ахбороти мухталифи маърифатӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, миллӣ, динӣ ва ғайраро дарёфтан мумкин аст.

Ҷаҳонишавӣ бо тамоми тазодҳояш ба ҷомеаи муосири мо марҳила ба марҳила бештар таъсир мерасонад. Дар ин асос мақоми расонаҳои ватаниву хориҷӣ дар фазои иттилоотии кишвар афзун мегардад ва ҳамчунин доир ба амнияти иттилоотӣ бештар баррасӣ карда мешавад. Дар мавриди мубоҳисаҳо ва баррасиҳои муборизаҳои иттилоотӣ, ҳадафҳои геополитикӣ, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва мисоли инҳо истилоҳи амнияти иттилоотӣ истифода карда мешавад.

Ҳар як давлат дар ин муборизаву бархӯрдҳо бояд манфиати миллии хеш ва амнияту осоиштагии мардуми худ вазифадор аст, бо ҳар усулу васила таъмин созад. Дар ҳама давру замон ҳам чунин буд. Аз давраҳои қадим то замони муосир масъалаи зикршуда яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Амнияти иттилоотӣ аз давраи пайдоиши давлат дар шаклҳои мухталиф арзи вуҷуд менамояд ва ҳимояи комил, дастрасӣ ва махфияти ахборотро таъмин месозад. Дар санад ва меъёрҳои мухталифи ҳуқуқӣ ба амнияти иттилоотӣ ишора гардидааст.

Дар ҳақиқат, ҷаҳони муосир пур аз мухолифат ва тазод мебошад, ки имрӯз таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи минтақаҳо ва кишварҳои гуногун, махсусан дар роҳи рушд қарор дошта, бениҳоят зиёд ба мушоҳида мерасад. Яке аз воситаҳои таъсирбахш ба воқеаҳои хунини Сурия, Ироқ, Миср, Тунис, Либия ва амсоли инҳо ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.

Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст ва ҳеҷ як иттилоот бидуни ҳадаф пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар камтарин фурсат иттилооти дилхоҳ дар олам паҳн мегардад. Албатта, ин комёбии илмӣ-техникӣ барои пешбурди фаъолияти ҳар як инсон манфиатбахш мебошад. Лекин, ҷиҳати манфии ин падида низ ба назар мерасад. Он метавонад, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллии ҷомеаро таъсиррасон бошад, дигаргун созад, аз байн барад.

Миллати тоҷик дорои фарҳанги куҳан ва ҷаҳонӣ мебошад, ки бо мероси гаронбаҳои хеш ба тамоми ҷаҳониён шуҳрат пайдо кардааст. Набояд, ки ҷавонони имрӯза аз он дур гарданд, фарҳанги бегонаро азхуд намуда, эҳтиром ва нигоҳдошти арзишҳои миллиро аз даст диҳанд. Ҳар як давлати абарқудрат низ кӯшиш менамояд, ки фарҳанг ва ниҳодҳои миллии хешро нигоҳ дорад ва баҳри расидан ба ин мақсад арзишҳои миллиро дар байни наврасон ва ҷавонон талқин менамояд, меомӯзонад ва ба ҳамагон муаррифӣ мекунад.

Аз ин ҷиҳат, ҳар як шаҳрванди комил ва бомаърифат бояд манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоли хешро дар мадди аввал гузошта, дар заминаи он фаъолияти ҳамаҷонибаи хешро бояд ба роҳ монад.

Юсупов Анвар,

Корманди масъули бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Зуҳуроти харобиовари аҳли башар

Next Post

Баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи Ш. Шоҳини шаҳри Кӯлоб

Next Post
Баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи Ш. Шоҳини шаҳри Кӯлоб

Баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи Ш. Шоҳини шаҳри Кӯлоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.