Арҷгузорӣ ба Парчам – эҳтироми арзишҳои миллӣ

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират ҳамоиш баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир, муовинони сардори Хадамот, кормандони дастгоҳи марказӣ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ ҳусни оғоз гирифт.

Нахуст сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода кормандонро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, қайд намуданд, боиси фараҳмандист, ки ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчам дар мамлакат таҷлил мешавад.

Дар идома Т. Каримзода, инчунин, аз таърихи пайдоиши парчам ва эҳтирому гиромӣ доштани он сухан ронд. Мавсуф таъкид дошт, ки Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Ва мо ифтихор дорем, ки ин муваффақият тавассути Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст.

Дар рафти чорабинӣ инчунин бархе аз кормандони дастгоҳи марказии Хадамот сухан ронда, арз доштанд, ки Парчами миллии мо дар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ насб гардида, далели соҳибистиқлолии давлати тоҷикон буда, аз узви комилҳуқуқ будани мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намоиши филми мустанад ҷамъбаст гардид.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо