Мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол бо ифтихор 32-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро, ки зодаи даврони Истиқлол аст, дар фазои сулҳу суботи сиёсӣ ва руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷашн мегиранд.
Аз таърихи на чандон дури Тоҷикистон бармеояд, ки пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта, таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун амри зарурӣ эҳсос мегардид.
Сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро фаро гирифта Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи қавӣ ва бунёдсозанда ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба сохтори ташкиливу воҳидӣ, таъминоти моддиву техникӣ пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисонӣ касбӣ иқдом намуд.
18-декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. Нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ 23-феврали соли 1993 баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Хушбахтона, метавон иброз дошт, ки туфайли сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши Миллии Тоҷикистон ба ҳамаи давраҳои мураккаби бунёди худ нуқта гузошта, ба марҳалаи мувофиқасозии сохтори худ – воқеъияти амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра саъю талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона шуд.
Хулоса, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 32 – сол ба як сохтори муташаккил ва боэътимод табдил ёфта, бо шарофати талошҳои он ҳифзи сулҳ ва таҳкими давлатдорӣ таъмин карда мешавад.
Баҳрулло Ғайбуллоев,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Айни