Санаи 10 сентябр соли 2025 дар деҳаи Тойчии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода мулоқоти намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, МД “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун”, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода ва дигар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо намояндагони хонаводаи муҳоҷирон, ки аз минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” ба шаҳри Турсунзода кӯчидаанд, баргузор гардид.
Қобили тазаккур аст, ки муҳоҷирони дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов сокингардида дар мариҳилаи якум ва муҳоҷирони дар ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода сокингардида дар марҳилаи дуюми кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшаванда ба ин манотиқ муҳоҷир шудаанд.
Дар мулоқоти мазкур ҳисоботи навшудаи “Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ (АТЭИ)-и лоиҳаи НБО “Роғун”, нақшаи амалиёти кӯчонидани аҳолии марҳилаи дуюми минтақаи зериобшаванда ва нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ муаррифӣ гардид.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода Камолиддин Бобоев ба ҳозирин бобати имкониятҳо ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои шахсӣ, асноди хонаҳои истиқоматӣ, дастрасӣ ба шуғли доимии расмӣ, ҳангоми зарурат ҷалб гардидан ба курсҳои касбомӯзӣ, масъалаҳои доғи рӯз, ба мисоли нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан ВНМО, тарбияи насли наврас ва пешгирии онҳо аз ҷинояткорӣ ва ғайра иттилоъ дод.
Муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия мулоқоти имрӯзаро саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Хадамоти муҳоҷират ва дигар сохторҳои марбута ҳамеша омодаанд, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти болозикр эҳтиёҷоти аҳолии аз минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” дар манотиқи шаҳр сокиншударо расидагирӣ карда, дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба таври мусбат ҳал менамоянд. Дар фаровард ба муҳоҷирин варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода