Имрӯз дар минтақаҳои гуногуни олам арзи вуҷуд кардани зуҳуроти террористиву ифротгароӣ ба амнияти сокинони дунё таҳдид карда, ба як муаммои ҳалталаб табдил гаштааст.
Мо аз воситаҳои ахбори умум дар бораи ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор шудани ҷавонон ё гурӯҳҳое ба онҳо монанд огоҳӣ меёбем.
Имрӯз дар кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, ба ободию пешравии Ватани маҳбуби мо ва зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст.
Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ояндасози кишваранд. Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерӯмандии давлат меафзояд.
Бинобар ин ҷавонони моро, ки ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Террористон ба василаи ҷалбкунӣ ба гурӯҳҳои худ ҷавонони зудбоварро аз Ватан берун, аз хешу табор ҷудо мегардонанд.
Бо ваъдаҳои пуч домони онҳоро пур карда, ба содир кардани кирдорҳои номатлубу барои ҷомеа зиёновар, ҷиноятҳои вазнин тела медиҳанд.
Мутаассифона, чанде аз ҷавонони тоҷик низ ба доми макру фиреби гурӯҳҳои террористӣ гирифтор шудаанд ва ба нокомиҳову фалокатҳои зиёде дучор омада, имрӯз аз карда пушаймонанд.
Баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо дар маҳаллаҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳои кишварамон чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Муҳимтар аз ҳама, корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон тақвият ёфтаанд, тарбияи ватандӯстию инсонпарварӣ миёни онҳо пурзӯр карда мешавад.
Ин ҳама тадбирҳо ба воқеъбину мулоҳизакор, хушрафтору дурандеш шудани ҷавонон нигаронида шудаанд ва мо низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри шукуфоии Ватан саҳмгузор бошем.
Султонова Роҳила,
корманди масъули Хадамоти муҳоҷират