Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандоне ки омодаи сафари фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Федератсияи Россия доранд, огоҳ менамояд, ки пеш аз сафар ба зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муроҷиат намоянд.
Кормандони шуъба ҳамарӯза корҳои иттиллотӣ-маърифатиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тақвият бахшида, омодаанд ба шаҳрвандон кӯмак расонанд.
Ҳангоми мулоқотҳо бо сокинони ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия маълумот пешниҳод намуда, ба саволҳо ва масъалаҳои рӯзмараи худ ба таври мушаххас посух мегиранд. Аз ҷумла, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани патент, Сертификати донистани забони русӣ ва қонуни намудани будубоши худ маълумот низ дода мешавад.
Дар суҳбату мулоқотҳо бо шаҳрвандон оид ба мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сухан ронда, диққати онҳоро ба масъалаҳои касбу забономӯзӣ ва муҳоҷирати бехатар ҷалб месозанд.
Аз ин лиҳоз, шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия ҳатман ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он муроҷиат намуда, маълумотҳои заруриро дастрас намоян
Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»
ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе