• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Аз пайравӣ ба амалҳои хатарзо эмин бошем!

Migration Service by Migration Service
21.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Яке аз падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин амалҳои террористию экстремистӣ ба шумор меравад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷидду ҷаҳд намояд.

Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошанд, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад. Имрӯз сабабҳои шомилшавии бархе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарҳо.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар ҷаҳон ва минтақа манфиатдоранд ва чунин андешаҳоро, алалхусус, миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон чандин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Маврид зикр аст, ки бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон қарор доранд ва, ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ шаванд. Ҷавонони имрӯза ба маконҳои ҷангзадаю харобгардида назар афканда, худ бояд эҳсос намоянд, ки ин хунрезию ҷаҳолат маҳз туфайли амалҳои нопоки террористону экстремистон ба вуқӯъ омадааст. Чунин гурӯҳҳо намехоҳанд, ки мардум дар тинҷию осоиштагӣ умр ба сар баранд. Мегӯянд, ки террорист на Ватан дораду на миллат.

Барои онҳо муқаддасоти Ватану ватандорӣ бегона аст. Имрӯз ҳар як ҷавонро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи сохти конститутсионии кишвар муборизаи беамон барад. Вобаста ба гуфтаҳои боло, кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст. Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем.

Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфоии кишварамон саҳм мегузорем. Зеро ин ободию осоиштагӣ ва ҳам гулгулшукуфии Ватани азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 

Previous Post

Экстремизм – вабои аср

Next Post

Ақли тира накӯиро набинад

Next Post
 Паёми Пешвои миллат  – санади сарнавиштсоз

Ақли тира накӯиро набинад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.