• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Аз сомонаҳои ҷараёни ифротӣ худро дур кунед

Migration Service by Migration Service
30.12.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Аз сомонаҳои ҷараёни ифротӣ худро дур кунед
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрӯзҳо даҳҳо ҳазор сайт ва вебпорталҳои амалкунанда дар шабакаҳои интернетӣ мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Терроризм дар интернет падидаи динамикӣ ва бисёрҷониба мебошад. Онҳо асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube ва амсоли инҳо, тарафдорони навро ба худ ҷалб карда, ғояҳои бунёдгароиро таблиғ менамоянд. Гузашта аз ин, феълан дар шабакаҳои интернетӣ сайтҳои зиёди ахборотӣ, ки бо созмонҳои террористӣ робитаи мустақим надоранд, аммо ғояҳои онҳоро меписанданд, хеле афзудааст.

Агар дар соли 1998 сохторҳои террористӣ дар шабакаҳои нав ташаккулёфтаи интернет ҳамагӣ 12 сомона, соли 2005-ум 4800 сомона доштанд, ҳоло шумораи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои террористӣ беш аз 10000 расидааст. Бо воситаи интернет ташкилотҳои байналмилалии террористӣ таблиғи ақидаҳои бунёдгароии таҳрифшудаи ҷиҳод ва мубориза бо кофаронро таблиғ мекунанд, идеяҳои ифротгароӣ ва терроризмро таҳти пӯшиши динӣ паҳн мекунанд. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст.

Манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар ин замина онҳо аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад.

Чунин сурат гирифтани кор аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Дар марҳилаи кунунӣ як қатор усули гуногун ва қисман мутобиқ бо якдигари шабакаи террористӣ дар интернет муайян карда шудааст: Ҷанги равонӣ,  яъне барои паҳн кардани иттилооти дурӯғин, таҳдид, барангехтани тарсу ҳаррос, эҳсоси нотавонӣ, тасвири амали даҳшатовари худ истифода бурда мешавад. Интернет имконияти террористонро барои ташвиқоту ошкор ва таблиғ кардани фаъолияташонро мусоидат менамояд. То ин вақт умеди террористон барои ошкор шудани амали онҳо бо ҷалби телевизион, радио ва дигар ВАО вобаста буд. Барои ҷамъоварии маълумот интернетро метавон чун китобхонаи азими рақамӣ баррасӣ намуд. Фақат «Торнамои умумиҷаҳонӣ» (Всемирная паутина (англ. World Wide Web) тақрибан миллиард саҳифа иттилоотро пешниҳод карда метавонад, ки бисёрии он озодона дастрас ва барои ташкилотҳои террористӣ хеле мусоид аст.

Аз интернет террористон метавонанд иттилооти муфассалро дар бораи ҳадафҳояшон маълумот пайдо намоянд. Масалан, дар бораи зерсохтори нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи атомӣ, иморатҳои ҷамъиятӣ, фурудгоҳҳо, бандарҳо ва ҳатто иттилоот дар бораи тадбирҳои зиддитеррористиро ба даст оваранд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки ҷамъоварии маблағ низ мисли дигар созмонҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои террористӣ интернетро барои такмили фондҳои худ истифода мебаранд. Интернетро террористон на танҳо барои тақозои «хайрот» аз хайрхоҳони худ, балки барои ҷалб ва сафарбаркунии тарафдорон, ки нақши ҳар чи фаъолтарро дар дастгирии амали террористӣ бозӣ мекунанд, истифода мебаранд. Бисёр гурӯҳҳои террористӣ бо кӯмаки интернет имконият пайдо кардаанд, ки  бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқа барқарор намоянд. Технологияи муосири иртиботӣ махсусан компютерӣ, аз рӯи чанд сабаб воситаи таъсиси шабакаҳо ва дастгирии шабакаҳои террористӣ мебошад.

Дар интиҳои масолили матраҳ гардида метавон хулоса кард, ки ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Хулоса, аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ талаботи замон аст!

Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо сокинон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Панҷакент

Next Post

Бар зидди падидаҳои номатлуб муқовимат нишон диҳем

Next Post
Бар зидди падидаҳои номатлуб муқовимат нишон диҳем

Бар зидди падидаҳои номатлуб муқовимат нишон диҳем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.