Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ният доранд ба Федератсияи Россия бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ сафар намоянд, хотиррасон мекунад, ки имконияти истифодаи воситаи рақамии бақайдгирии пешакӣ тавассути барномаи “Госуслуги” RuID мавҷуд мебошад.
Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки сафар пешакӣ ба нақша гирифта шуда, дархости зарурӣ дар шакли электронӣ то ворид шудан ба Федератсияи Россия пешниҳод карда шавад, инчунин бақайдгирӣ дар портали хизматрасониҳои давлатӣ анҷом дода шавад.
Барнома барои зеркашӣ дар Google Play ва RuStore дастрас мебошад. Барои гирифтани маълумоти муфассал ва дастури қадам ба қадам оид ба насб ва пур кардани дархост, тавсия дода мешавад аз пайванди зерин истифода баред: https://www.gosuslugi.ru/landing/new_entry_rules
Раванди бақайдгирӣ на бештар аз панҷ дақиқа вақт мегирад ва ба сафари минбаъдаи Шумо шароити мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

