Аз зуҳуроти номатлуб ҳазар кунед!

Масъалаи доғи рӯз ва басо ташвишовар – ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ташкилоти террористию экстремистӣ аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки онро метавон танҳо тавассути муборизаи дастаҷамъона решакан кард.

Барои аз байн бурдани экстремизм ва терроризм – ин раванди басо хатарнок ва таъмини боэътимоди амният зарур аст, ки заминаҳо ва омилҳои асосии зуҳури он муайян карда шаванд.

Ҳоло, ки терроризм ва ифротгароии хушунатомез ҷуғрофияи худро васеъ намудааст, хабари содир шудани амалҳои террористӣ ҳар рӯз аз тамоми нуқтаҳои олам садо медиҳанд.

Барои аз байн бурдани масъалаи басо мушкили қарн, ки онро вабои аср ҳам мегӯянд, ҳамкориҳои дастаҷамъона муҳим ва заруранд.

Дар ин раванд дар кишвари мо низ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.

Аз роҳҳои пешгирӣ, аз байн бурдан ва камқувват намудани ифротгароӣ ин дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли навраси ҷомеа ва ҷавонон мебошад.

Албатта, дар роҳи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба таври зарурӣ падару модарон бояд ӯҳдадориҳои худро дар таълиму тарбия бомасъулиятона ба иҷро расонанд.

Дар баробари ин ҳар як фарди худогоҳ, маърифатпарвар, омӯзгорону устодони донишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ бояд дар ин самт саҳми бевоситаи худро бигузоранд, ки ин рисолати шаҳрвандӣ, меҳанпарварии онҳо мебошад.

Вобаста ба ин ҳамкориҳои ҳадафманди аҳолӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё ва рӯҳониён бо ташкилоту сохторҳои марбута ҳамкориҳои зич дошта бошанд, ки ин ҳам аз роҳҳои пешгирикунанда, муқовимат бар амалҳои номатлуб ва хатарзо мебошад.

Ҳарчанд дар қаламрави кишвар фаъолияти ТТЭ ҲНИ манъ карда шудааст, вале фаъолону пайравон, думбардорони ин ташкилоти ифротиву иғвоангез дар хориҷа истода, ба қавле дастовардҳои замони соҳибистиқлолии ватанамонро дида натавониста, ҳар гуна тӯҳмату иғвоҳоро паҳн мекунанд.

Ва албатта, ин бо супориши хоҷагони хориҷиашон аст, ки онҳо имрӯз чун лӯхтаки дасти ин хоҷагон шуда мондаанд.

Мо, аҳли ҷомеаи кишвар набояд роҳ диҳем, ки чанд тан хоинони миллат сулҳу суботи кишвари азизи моро халалдор намоянд, арзишҳои миллиамон Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллиамонро ҳифзу нигоҳдорӣ намоем, баҳри пеш бурдану шукуфоии ватани азизамон ҷаҳду талош намоем.

Абдушаҳидов Ҳумоюн,
сардори шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ
Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо