Баҳри иҷрои супоришҳои додашуда камар бастанд

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд меандешад.

Аз ин лиҳоз, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб машварати назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид, ки дар баробари баррасии масъалаҳои корӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» масъалагузорӣ карда шуд.

Ҳамчунин, бахш ба нашрияи Муассисаи давлатии ҳафтаномаи «Варзоб» ва шабакаҳои иҷтимоии «ноҳияи Варзоб», «намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб» мавод оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» пешниҳод ва ворид намуд.

Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия санаи 20-уми январи соли 2023 дар бозори марказии ноҳияи Варзоб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд, ки аз ҷониби 67 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб 218,75 воҳиди корӣ пешниҳоди корҷӯён гардида, 143 нафар шаҳрвандони бекор иштирок намуданд. Инчунин, бахши Хадамот ба воситаи раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаъолони ноҳия дар маркази деҳаҳо бахусус ҷойҳои серодам насб намудани варақаҳои иттилоотӣ ба миқдори 500 нусха ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» ба роҳ монд.

Дар рафти баргузории ярмарка ба 19 нафар тавсиянома ба ҷойи кор дода шуда, 20 нафар бекорон ва муҳоҷирони меҳнатие, ки касбу ихтисос надоштанд, ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ярмаркаи мазкур ба шаҳрвандони муроҷиаткунанда барои кор дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират тадбирҳои мушаххасро меандешад.

Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо