Дар солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуротҳои номатлуб ба ҳисоб мераванд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилоти экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳо мебошад. Фирефтаи терроризм дар ҷаҳони муосир асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омилҳо, ҳадафҳои шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои террористиро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то ин ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Терроризмро аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин шарҳ додан мумкин аст, яъне ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, халалдор кардани бехатарии ҷамъиятӣ мебошад.
Дар марҳалаи ҳозира ҳадафи ин идда, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, фирефта намоянд ва бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш, супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Ба қадри неъмате чун Истиқлоли давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.
Китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дастраси мардуми кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла, тарҷумаи китоби Қуръони Карим бо теъдоди хеле зиёд ба таври ройгон пешкаши мардумиТоҷикистон карда шуд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна зуҳуроти номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модаронро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди зуҳуроти нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.
Аз гуфтаҳои дар боло зикр гардида чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки мо, зиёиён бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа ва насли наврасмон бояд фаҳмонида тавонем, ки ба тақлидҳои бегонаи ифротгароӣ пайравӣ накунем ва шукронаи давлату миллати сарзамини биҳиштосоямон намоем.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе