Ба хатмкунандагони курсҳои ройгони омӯзиши забони англисӣ дар шаҳри Хуҷанд сертификатҳо супорида шуд.
Намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, хатмкунандагонро барои бомуваффақият анҷом додани давраи омӯзишӣ табрик гуфтанд.
Курсҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир» гузаронида шуда, барои баланд бардоштани сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ нигаронида шудааст.
Тули се моҳ муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ва зиндагӣ дар хориҷа донишҳои муҳимро бо забони англисӣ аз худ карданд.
Хатмкунандагонро табрик мегӯем ва барояшон ояндаи некро орзумандем!
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд