Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ расонида мешавад, ки дар бинои асосии Хадамоти муҳоҷират, вокеъ дар суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ-121, Намояндагии Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”- и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади санҷиши воридшавӣ, гирифтани изи даст, муҳоҷирати қонунӣ, бехатар ва муназзам дар ҳудуди Федератсияи Россия ба фаъолият оғоз намуд.
Ин имконият медиҳад, ки Шумо дар Фурудгоҳҳои қаламрави Россия мунтазири омодашавӣ ва назорати ҳуҷҷатҳоятон нашуда дар муҳлати кутоҳтарин, бемамоният аз санҷишҳои мақомотҳои салоҳиятдор бе мамоният гузаред.
Намояндагии мазкур тасмим гирифтааст, ки то 08 июли соли 2024 тамоми хизматрасониҳои худро тариқи ройгон ба роҳ монад.
Аз ин лиҳоз, хоҳиш карда мешавад, ки шаҳрвандоне, ки ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади фаъолияти корӣ сафар менамоянд, аз хизматрасониҳои Намояндагӣ то 08 июли соли ҷорӣ тариқи ройгон истифода намоянд.
Пас аз 08 июли соли 2024 тамоми намуди хизматрасониҳо дар Намояндагӣ пулакӣ ба роҳ монда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират