Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти кишварҳои минтақа воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ нафақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Терроризм ва ифротгароӣ аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро ин падидаҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои фалокатбор шуда истодааст. Истилоҳи терроризм аслан маънои тарс ва даҳшатро доро мебошад. Террористон дар ҳама ҳолат барои пурзӯр намудани манфиати худ зўроварӣ ва тарсониданро мавриди истифода қарор медиҳанд.
Айни замон дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.
Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама дастаҷамъона мубориза барем. Айни замон чандин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳо ноором кардани вазъи ҷаҳон аст.
Вобаста ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза алайҳи терроризм ва экстремизмро аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххасро меандешад.
Сафаров Фаридун, Мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе