Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2024, №69 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2024-2026» ва қарори ҳаммаънои Раиси вилоят аз 4 марти соли 2024 №50 аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод кӯчонидани 90 оила дар солҳои 2024-2026 ба нақша гирифта шуда буд.
Соли равон тибқи нақша кӯчонидани 30 оила аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод дар назар дошта шудааст.
Ба оилаҳои мазкур дар асоси қарори раиси ноҳия аз 9-уми апрел №308 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст.
Давоми ҳафтаи сипаригардида аз минтақаҳои бехавфи Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод заминҳои наздиҳавлигӣ ба муҳоҷирони экологӣ тақсим карда шуд.
Аз ҷониби мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои болозикр, аз муҳоҷирони экологӣ ва аъзои оилаи онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки пеш аз ҳама ҷойи нави зисти худро обод намоянд, ҳамеша сарҷамъ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва саҳми худро барои пешрафти Тоҷикистони азизамон гузоранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд