Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷо бо сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳиро дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод ҳангоми сафари шаҳрвандон дар хатсайри Тоҷикистон – Федератсияи Россия ҷоннок намуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия доир ба масъалаҳои мубрами руз, қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, муқовимат ба савдои одамон, одамрабоӣ суҳбат баргузор намуда, ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон оид ба манъи ивази ному насаб башаҳрвандоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст бо мақсади сафар ба хориҷа суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки ҳар як муҳоҷир ва ё оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷа сафар доранд, бояд пеш аз ҳама аз қонунгузорӣ, урфу одат ва маданияти давлати қабулкунанда огоҳ бошанд, зеро аз сабаби паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, ба ғуломии меҳнатӣ, ба ғуломии шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳаққи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зуроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, зуран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад.
Инчунин, оид ба муҳлати қонунигардонии будубош ва тарзи ба расмият дарории ҳуҷҷатҳои шахсоне, ки дар феҳристи назоратшавнда қарор доранд фаҳмонида шуданд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

