15 май, дар идомаи баргузории аксияи тақдими либоси варзишии футбол ба роҳбарону масъулини кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур ва вакилони мардумӣ, ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир” Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, либоси варзишии футбол, ҳамчун нишони эҳтиром бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” тақдим карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки 13-уми майи соли равон, вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аксияи ҳизбии тақдими либоси варзишии футбол ба роҳ монда шуд.
Дар аксияи мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ба роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин, ба як қатор роҳбарон ва масъулони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур либоси варзишии футбол тақдим намуда, ҳамзамон бо арзи эҳтиром, табрикоти самимии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансурро ба муносибати эълон гардидани санаи 25-уми май, ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ба эшон расониданд.
Ёддовар мешавем, ки 7-уми майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба пешниҳод ва ташаббуси варзишпарваронаи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қатъномаи махсус оид ба эълон намудани 25-уми май, ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол”-ро қабул намуд, ки он нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ, ба тариқи расмӣ эътироф менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират