Хадамоти муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳури мерасонад, ки дар шароити пурзӯр гардидани назорат ва ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Федератсияи Россия, гузаштани саривақтии тартиботи пеш аз сафар ҳанӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Иҷрои пешакии тамоми расмиёти зарурӣ дар Ватан на танҳо вақти шуморо ҳангоми убури сарҳад ва баъди ворид шудан ба Россия ба таври назаррас сарфа мекунад, балки заминаи боэътимодро барои будубоши қонунӣ, бехатар ва устувор дар ҳудуди Федератсияи Россия фароҳам месозад.
Дар ин замина, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, дохили бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, истифода баранд, ки дар он ҷо метавонанд пешакӣ чунин амалҳоро анҷом диҳанд:
гузаштани бақайдгирии дактилоскопӣ,
гирифтани ташхиси тиббӣ,
санҷиши мавҷуд ё набудани маҳдудиятҳо барои ворид шудан ба Федератсияи Россия.
Илова бар ин, барои содда гардонидани раванди воридшавӣ ва кам кардани вақти гузаштан аз назорати сарҳадӣ, тавсия дода мешавад, ки пешакӣ тавассути барномаи мобилии “Госуслуги RUID” ариза пешниҳод намуда, рамзи QR-и заруриро дастрас намоед. Дастурамали муфассал дар пайванди зерин дастрас аст:https://www.gosuslugi.ru/help/faq/ruID_app/906631
Муҳтарам шаҳрвандон, анҷом додани ин тартибот пеш аз сафар ба шумо имкон медиҳад:
вақти убури сарҳадро ба таври назаррас кам намоед,
раванди воридшавӣ ва расмиёти баъдӣ дар Россияро содда гардонед,
дар баъзе ҳолатҳо аз такроран гузаштани расмиёти биометрӣ ва ташхиси тиббӣ худдорӣ намоед,
аз рӯзҳои аввали будубош ба талаботи қонунгузории Федератсияи Россия мутобиқ бошед.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки имконият дошта бошед, тамоми тартиботи зарурии пеш аз сафарро ҳанӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳед. Ин раванд сафарро барои шумо муназзамтар гардонида, хавфҳоро коҳиш медиҳад ва барои будубоши қонунӣ ва бароҳати шумо дар Федератсияи Россия мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
