• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ба саволҳои шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” посух дода шуд

Migration Service by Migration Service
03.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ба саволҳои шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” посух дода шуд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Риояи талаботҳои амалкунандаи қонуни Федералӣ “Дар бораи будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия”, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия, доштани маълумоти зарурӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, хавфҳои муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ѓайриқонунӣ ва худорӣ намудан аз воридшавӣ ба гурӯҳҳои тундрави ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ин буд он саволҳое, ки шаҳрвандон ба кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”пешкаш намуданд.

Вохӯриро сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дор шаҳри Кӯлоб Ашуров С., оғоз намуда, ҷамъомадагонро бо мушкилоте, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират ба вуқуъ омадааст ва чи тавр пешгирӣ намудан аз ин омилҳо нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба қонунҳои нави амлкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират шинос намуд.Аз ҷумла, ба саҳми муҳоҷирон расонида шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия ҳатман аз хизматрасониҳои мутахассисони касбии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда, шиносномаи худро дар маҳзани манъшудагон санҷида, маслиҳатҳои муфид гирифта баъдан азми сафар намоянд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки ба тарзи дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷиратӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, пеш аз сафар ба кишварҳои хориҷа барои фаолияти меҳнатӣ, ҳар як нафар бояд касби муайяне дошта бошад, забони давлатии қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад ва аз қонунҳои амалкунандаи давлати қарордоштаи худ хабардор буда, ҳангоми фаолияти кориаш онро риоя намуда, худро аз хавфу хатарҳои муҳоҷират дар канор гирад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус, муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористию эктремистӣ, ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона ва дигар масоили мубрами рӯз фикру андешаҳо иброз гардида,  қайд карда шуд, ки экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятии давлатҳои осоишта ва дигар амалҳои нангини бераҳмӣ, нисбати башарият гардидааст.

Ҳар як фарди солимфикр бояд худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо канор гирад, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ ва ифротгароён омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғотӣ истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардуруғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намуда гумроҳ созанд.

Бо назардошти ин таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, мушкилоти худро на ба танҳои балки ба воситаи  Сафорат, Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намуда ҳал намоед.Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон нафароне, ки бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия берун карда шудаанд, роҳнамоӣ гардид, ки руҳафтода нашуда ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷуҳурӣ муроҷиат намуда, фаъолияти кориро идома диҳанд.

Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда шароиту имконияти хуб фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузурги ватанӣ ба қувваи корӣ ва мутахассисони соҳибмалака эҳтиёҷ дошта ҷойҳои корӣ мавҷуд аст.Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори ҷамъомадагон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират, бакортаъминшавӣ ва касбомӯзӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои роҳнамоӣ  тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Вохӯрии судманд дар ноҳияи Кушониён

Next Post

Тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар“Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар“Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар“Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.