Вохӯрии навбатӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои супоридани имтиҳон ва гирифтани сертификат аз забони русӣ, таъриху тамаддун ва қонунгузории Федератсияи Россия омадаанд баргузор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ротиба ба тағйирот дар самти қонунгузории будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди кишвари Россия Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия иттилоъ медиҳад, ки тамдид намудани муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, дар робита ба таҳсил яке аз ӯҳдадориҳои муассисаҳои таълимию илмӣ буда, маъмурияти муассиса вазифадор аст, ки раванди будубоши қонунии шаҳрванди кишвари хориҷиро дар ҳудуди Федератсияи Россия таъмин намояд.
Мувофиқи Қонуни Федеролии аз 25 июли соли 2002 “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ва тағйиротҳо ба қонуни мазкур муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки на дертар аз 20 рӯз пеш аз анҷоми муҳлати будубоши донишҷӯи хориҷӣ бо дархост ба мақомоти минтақавии Вазорати корҳои дохилии Россия муроҷиат намоянд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимию илмии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, вазифадоранд, ки баъди ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия пас аз гузашти 90 шабонарӯз, дар ин муддат ба Раёсати кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ дар асоси мактуби расмии муассисаи таълимӣ муроҷиат намуда, корти муҳоҷиратии худро тамдид намоянд.
Хотирасон менамоем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, дар асоси ҳуҷҷатҳои будубоши волидайн метавонанд, муҳлати корти муҳоҷиратии худро тамдид намоянд. Ба гурӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои курси такмили ихтисос, курсҳои кутоҳмуддати бозомӯзӣ, иштирок дар экспедиятсияҳои илмӣ, тадқиқотҳои сотсиологии муштарак, курсҳои таҷрибаомӯзии байнидонишгоҳӣ ба муҳлати зиёда аз 90 шабонарӯз ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, онҳоро низ зарур аст, ки ин раванди тамдиднамоии корти муҳоҷиратиро вобаста ба мақоми ҷойгиршавӣ дар асоси мактуби расмии муассиса ба мақомоти салоҳитядори давлатии Россия муроҷиат намоянд.
Гуруҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ба ҳайси унвонҷӯ, доктарант таҳсил доранд, онҳо низ вазифадоранд, ки раванди мазкурро тибқи меъёрҳои ҷоришуда (бо пешниҳоди мактуби расмӣ, нусха аз протоколи ҷаласаи кафедра, фармоиши директори муассиса ва шартномаи тарафайн) риоя намоянд.
Дар ҳолате ки муҳлати бақайдгирӣ сари вақт тамдид карда нашавад, донишҷӯи хориҷӣ метавонад ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда шавад, ки он аз 5 феврали соли 2025 дар ҳудуди Федератсияи Россия амал мекунад. Ворид шудан ба ин феҳрист метавонад боиси маҳдуд гардидани баъзе ҳуқуқҳо ва амалҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия гардад.
Аз ин лиҳоз, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бояд раванди амалии қонунгузории кишвари иқоматро дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ қатъиян риоя намуда, талаботҳои зеринро ба таври ҳамешагӣ зери назорати доимӣ дошта бошанд: муҳлати бақайдгирӣ ва шартномаи таҳсили худро бо муассиса сари вақт назорат намоянд, барои дароз кардани муҳлати будубош пешакӣ ба шуъбаи байналмилалӣ ё Раёсати донишгоҳ тибқи талаботи қонунгузории Россия дар муҳлати муайянгардида, муроҷиат намоянд, дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ё пеш омадани мушкилот дар ин самт, барои гирифтани машварат ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

