• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ба тарбияи фарзанд аҳамияти аввалиндараҷа диҳем

Migration Service by Migration Service
24.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ба тарбияи фарзанд аҳамияти аввалиндараҷа диҳем
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз падидаҳои номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда аст. Гурӯҳи манфиатхоҳ ба ҳар гуна роҳу васила нақшаву ниятҳои нопоки хешро ба амалҳои террористӣ мехоҳанд амалӣ намоянд. Дар иртибот ба ин масъала Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки “Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад”.

Илова бар ин зикр доштанд, ки омили асосии пешгирикунандаи шомилшавии ҷавонон аз падидаҳои манфӣ маҳз аз оила вобаста буда, падару модарро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Дар ин масъала бояд оила нақши арзишманд гузорад, зеро сухани волидайн ва дигар аъзои оила назар ба дигар қишри ҷомеа таъсири бештар мегузорад. Аксар вақт шаҳрвандон, махсусан ҷавонон аз сабаби аз таълиму тарбия ва назорати волидайн дур мондан ба ҳар роҳу васила, аз ҷумла тавассути интернет ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ҷалб карда мешавад. Ҷанбаи дигари гумроҳшавии ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз дар қатори дигар кишварҳои олам барои Тоҷикистон низ яке аз масоили муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ сафар менамоянд. Мушоҳидон собит месозанд, ки баъзе ҷавонон бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявии нокифоя ба кишварҳои хориҷа ба муҳоҷират мераванд, вале аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ бармегарданд. Омили дигар ин аст, ки дар баъзе аз оилаҳо таассубу хурофоти динӣ мавқеи асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Ба ақидаи чунин оилаҳо, танҳо омӯзонидани сунатҳои динӣ ба фарзандон зарур аст, ки дар натиҷаи ин кӯтоҳандешиву хунукназарӣ фарзандонашон аз омӯзиш, тарзи дурусти технологияи навин ва идеологияи солим фарсахҳо дур ва як умр ноогоҳ мемонанд. Мавҷудияти муаммоҳои зикргардида дар пешрафти ҷомеа ва ояндаи дурахшони халқ таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, раҳоӣ аз ин муаммоҳои ҷаҳонӣ на танҳо вазифаи давлату ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, балки аз ҳар як шахс ва оила тақозо менамояд, ки муборизаи таъсирбахши назариявию амалиро роҳандозӣ намоянд.

Наботов Насим,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Ваҳдати миллӣ – шукуфоии ватан

Next Post

Ваҳдати миллӣ – ба мардуми тоҷик нерӯву тавонои нав бахшид

Next Post
Ваҳдати миллӣ – ба мардуми тоҷик нерӯву тавонои нав бахшид

Ваҳдати миллӣ - ба мардуми тоҷик нерӯву тавонои нав бахшид

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.