Тавре иттилоъ дода будем, 28 майи соли равон Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи мулоқоту музокироти пай дар пайи роҳбариятҳои Олии ҳар ду кишвар ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори он ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия ҷиҳати бокортаъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Ҳадафи асосии таъсиси намояндагии мазкур анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, акнун шаҳрвандони мо имкон доранд, дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия гузаранд, ки ин барои омодагии минбаъда ҷиҳати сафарбаркунии муташаккилонаи онҳо барои фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамояд.
Дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир намудани Намояндагӣ ба шаҳрвандон қулай буда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Федератсияи Россияро доранд, муосидат менамояд.
Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданием, ки шахсоне, ки мехоҳанд фаъолияти меҳнатии худро дар Федератсияи Россия идома диҳанд, пеш аз сафар ба Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират